ВидеоХабарҳои кӯтоҳҲодиса

ҲАЛОКАТИ ЧОР УЗВИ ЯК ОИЛА ДАР ЯК САДАМАИ МУДҲИШ ДАР ШАҲРАКИ САЙҲУН

Нимаи дуюми рӯзи 24 январ дар як садамаи пурқурбонӣ роҳи мошингарди «Чаноқ-Ғафуров-Мастчоҳ»  дар ҳудуди шаҳраки Сайҳуни ноҳияи Б.Ғафуров бар асари ба мошини ВАЗ 21031 бархӯрдани як “БМВ” 4 узви як оила аз деҳаи Қизилтеппаи ҷамоати деҳоти Исмоили ноҳияи Б.Ғафуров ҷон бохтаанд.

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки 24-уми январи соли 2022, тахминан соати 16:30,  ронандаи мошини тамғаи «БМВ» Аминов Умедҷон, соли таваллудаш 1991, сокини шаҳри Хуҷанд, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди «Чаноқ-Ғафуров-Мастчоҳ»  дар ҳудуди ноҳияи Б.Ғафуров, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи тамғаи «ВАЗ-21031», таҳти идораи ронанда, Абдураҳимов Абдурасул Маҳмудқулович, соли таваллудаш 1985, сокини ноҳияи Б.Ғафуров, бархӯрдааст. 

Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи тамғаи «ВАЗ-21031»,  Абдураҳимов А.М ва мусофиронаш: Абдураҳимова Гулбаҳор, соли таваллудаш 1986, Абдураҳимова Холбибӣ, соли таваллудаш 1952 ва Абдураҳимова Айимгул Мамуровна, соли таваллудаш 1958, сокинони ноҳияи Б.Ғафуров ҷароҳатҳои  гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расиданд.

Ронандаи автомашинаи тамғаи «БМВ» Амонов У. ва мусофираш Қурбонов Шарифхон Муҳаммадиевич, соли таваллудаш 1995, сокини шаҳри Душанбе, ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта,  дар  беморхона бистарӣ гардидаанд. 

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар додааст, ки садама дар қаламрави шаҳраки Сайҳуни ноҳияи Бобоҷон Ғафуров рӯй дода, ронандаи “Жигули” ва мусофиронаш ҳама аз як хонадон аз деҳаи Қизилтеппаи ҷамоати деҳоти Исмоили ноҳияи Б.Ғафуров будаанд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда менависад, феълан сабаби садама дақиқ карда нашудааст, вале “ба эҳтимоли зиёд як сабаб боло будани суръати ҳаракати яке аз ин мошинҳо бошад”.

Ин ниҳод гуфт, наҷотдиҳандагони раёсати ҳолатҳои фавқулоддаи вилояти Суғд ба ҷойи ҳодиса расида, бо истифода аз таҷҳизоти махсус ҷасадҳои ҳалокшудагонро аз дохили мошин берун оварданд ва барои ташхис ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурданд. 

Аз рўи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар пайи ин ҳодиса бори дигар ба ронандагон ёдрас кардааст, ки боло бурдани суръати ҳаракат дар роҳҳо ҳамеша хатарҳои фоҷеаборро ба дунбол дорад ва бояд қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳоро ҷиддан риоя кунанд.

Ҳар сол бар асари садамаҳо дар роҳҳои ҷумҳурӣ садҳо нафар ҳалок ё маҷруҳ мешаванд. Аз ҷумла соли 2020 бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон 375 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 1200 нафар маъюб шудаанд. Бино ба охирин омори расмӣ, дар 9 моҳи аввали соли 2021 дар 787 садама дар роҳҳои Тоҷикистон 290 нафар ҳалок ва 869 нафар маҷруҳ шудаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button