ВидеоМуҳоҷирон

ФАВРӢ! МАРГИ ФОҶИАВИИ ШАШ МУҲОҶИРИ ТОҶИК ДАР ВИЛОЯТИ ВОЛГОГРАД (3 АКС)

Шаби 26 январ дар як ҳодисаи фоҷиабор дар ноҳияи Среднеахтубинскийи вилояти Волгогради Русия 6 шаҳрванди Тоҷикистон бар асари заҳролуд шудан аз дуд ҷон бохтаанд.  Ҷасадҳои ин  6 муҳоҷири тоҷикро, ки дар хоҷагии деҳқонию фермерии “Костетский” ба парвариши меваву сабзавот машғул буданд, аз даруни як гармхона пайдо кардаанд. Дар ин фоҷиа танҳо як нафар зинда мондааст. Муҳоҷири  39-сола аз Тоҷикистонро дар ҳолати вазнин ба бемористони шаҳрии клиникии “Ёрии таъҷилӣ” №25 шаҳри Волгоград бурдаанд.

Дар кумитаи тандурустии вилояти Волгоград ба  нашрияи маҳаллии «Городские вести» дар шарҳи ин фоҷиа гуфтаанд: “Дудбарои генератори гармидиҳанда аз кор баромадааст ва дар натиҷа 7 нафар, ҳама  – шаҳрвандони Тоҷикистон осеб дидаанд. Аз ин шумор 6 нафар, ҳама мардҳо, солҳои таваллудашон, 1985б 1992, 2000 (2 нафар), 2001 ва 2002  ҳанӯз то расидани мошинҳои “Ёрии таъҷилӣ” ба ҳалокат расидаанд. Як марди дигари соли таваллудаш 1983 ба бемористони №25 интиқол дода шуд”.

Намояндагони Кумитаи тафтишот ва маъмурияти ноҳияи Среднеахтубинский низ ба ҷои фоҷиа рафтаанд. Николай Патрин, раиси ноҳия, ки низ дар ҷои ҳодиса қарор дошт, бархе ҷузъиёти бештари ин фоҷиаро ба нашрияи «Городские вести» гуфт: “Бино ба маълумоти аввалия, 6 коргари хориҷӣ, зодагони Тоҷикистон дар ҳудуди хоҷагии фермерӣ дар гармхона кор мекарданд. Дар онҷо генератореро, ки ҳавои гарм медод, ба кор даровардаанд. Коргарон дар дохили гармхонае буданд, ки бо плёнка маҳкам пӯшида шудааст. Онҳо дар онҷо халтаҳои хокро ҷо ба ҷо мекарданд. Ба сабаби ҳанӯз номаълум генератор аз кор баромадааст ва коргарон ба иллати заҳролуд шудан аз дуд ҳалок шудаанд.”

Хоҷагии деҳқоние, ки ин фоҷиа рӯй дод,ба бародарон Андрей ва Ростислав Костетскийҳо тааллуқ доштааст.

Ҳар сол беш аз як миллион нафар, ё тақрибан нисфи аҳолии қобили кори Тоҷикистон бо мақсади таъмини рӯзгори хонаводаҳои худ ба Русия ба мардикорӣ мераванд. Ва ҳар сол дар Русия беш аз 1000 нафар аз муҳоҷирони тоҷик ба иллатҳои гуногун тарки ин дунё мекунанд. Фалокатҳо дар ҷои кору ҷои зист (сӯхтор, таркиш ва ғ.) яке аз иллатҳои умдаи марги муҳоҷирони тоҷик дар Русия ба шумор меравад.

АКСҲО аз “Городские вести”

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button