ВидеоСиёсатТоҷикистон

“ДИЛЗАНАК-2022” ОҒОЗ ЁФТ? БАРКАНОРИИ ВАЗИРИ КИШОВАРЗӢ ВА РАИСОНУ АШТУ ГУЛИСТОН

Нашрияҳои маҳаллии “Фараж” ва “Пресса.Тҷ”, яке бо такя ба дафтари матбуоти вазорати кишоварзӣ ва дуюмӣ бо такя ба манбааш дар ҳукумат, хабар доданд, ки рӯзи 26 январ Зиёзода Сулаймон Ризоӣ, ки аз 3 ноябри соли 2020 вазири кишоварзии Тоҷикистон буд, ба мақоми баландтарин муовини сарвазир дар умури кишоварзӣ таъйин шудааст. Ин курсӣ аз моҳи августи соли 2021, дар пайи ба вазифаи сафири Тоҷикистон дар Русия таъйин шудани Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода холӣ буд.  Гуфта мешавад, дар мақоми вазири кишоварзӣ Зиёзодаро муовини якумаш Каримзода Саъдӣ Ғаффор иваз мекунад.

“Фараж” ҳамчунин бо такя ба маъмурияти ноҳияи Ашт хабар дод, ки раиси ин ноҳия Мирдадо Зариф Мирмуҳаммадӣ аз ин вазифа озод карда шуда, ба ҷои ӯ Шуҳрат Мирзоалиев таъйин шудааст. Мирзоалиев то кунун роҳбари ҶДММ “Рахшона” будааст. Ин ширкат 562 гектар замини корамро дар Ашт дар ихтиёр дошта, соли 2020 дар ин ноҳия ҳавзи моҳипарварие сохта буд, ки дар ҳузури президент Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дода шуд. Гуфта мешавад, Зариф Мирдадо муовини раиси вилояти Суғд таъйин шудааст.

Инчунин Раъно Ҳошимзода  ба ҷои Бахтиёр Саидаҳмадзода иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Гулистон таъин шудааст. Раъно Ҳошимзода  то кунун раиси шаҳри Бӯстон буд. Ӯ 53 сол дошта, хатмкардаи Донишгоҳи Хуҷанд ва номзади илмҳои иқтисодист. Ҳошимзода феълан  ягона зан дар байни раисони шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ба шумор меравад.

Раъно Ҳошимзода

Сулаймон Зиёзода 60 сол дошта, 1 январи соли 1962 дар ноҳияи Ғончӣ (ҳоло Деваштич) ба дунё омадааст. Зиёзода соли 1983 Донишкадаи кишоварзии Тоҷикистонро хатм карда, солҳои зиёде дар ноҳияи Зафаробод кор кардааст ва аз соли 2016 то 2018 раиси ин ноҳия буд. Зиёзода ҳамчунин то вазир шуданаш дар мақомҳои муовини аввали раиси вилояти Хатлон, муовини раиси вилояти Суғд ва раиси ноҳияи Деваштич кор кардааст.

Саъдӣ Каримзода  52 сол дошта, 12 августи соли 1969 дар Душанбе ба дунё омадааст. Ӯ соли 1992 Донишкадаи кишоварзии Тоҷикистонро хатм карда, соли 1995 сазовори унвони номзади илмҳои биологӣ шудааст. Саъдӣ Каримзода аз соли 1998 то 2007 дар созмони Агроаксияи Олмон ва сипас то соли 2011 дар Агентии рушди байналмилалии Ҷопон (JICA) кор карда, аз соли 2012 то 2020 раҳбари лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» буд. Саъдӣ Каримзода 27 январи соли 2020 ба мақоми муовини аввали вазири кишоварзӣ таъйин шуд.

Ба истифода додани ҳавзи моҳипарварӣ дар ҶДММ “Рахшона”-и ноҳияи Ашт   15.09.2020

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button