ВидеоФарҳанг

БА ШАКЛИ ДУТОРУ ДОИРА ВА ТАБЛАК: ЛОИҲАИ ҚАСРИ ФАРҲАНГИ НАВУ БОШУКӮҲ ДАР ДУШАНБЕ (5 АКС)

Дар саҳифаи Архитектураи Душанбе дар Фейсбук 5 акси лоиҳаи ангоравии бинои Қасри фарҳанги навва муҳташам  дар пойтахти Тоҷикистон нашр шудааст. Лоиҳаи ин қасрро гуруҳи лоиҳакашии Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе кашидааст. Ҳанӯз маълум нест, ки ин Қасри фарҳанги ҷадиду бошукӯҳ дар куҷои пойтахт қомат афрохт ва барои сохтанаш аз будҷа чӣ қадар маблағ ҷудо хоҳанд кард?

Тибқи лоиҳааш, намудаи зоҳирии Қасри фарҳанги ҷадид дар пойтахти Тоҷикистон ба шакли созҳои миллӣ: дутор, доира ва таблак сохта мешавад.

Дар ҳоли ҳозир, бузургтарин толори консернтии шаҳри Душанбе Кохи “Борбад” аст, ки ҳанӯз дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ, дар солҳои 80 асри гузашта бунёд шудааст. Филармонияи миллии Тоҷикистон бошад ҳоло дар биное ҷойгир карда шудааст, ки қаблан қасри иттифоқҳои касаба буд.

Дар бораи зарурати бунёди қасрҳои нави фарҳанг дар пойтахти Тоҷикистон чандин сол боз  суҳбат мешуд, вале, тавре аз ин ангораҳо бармеояд,  иқдоми мушаххас дар ин масъала тоза акнун рӯи даст гирифта шудааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button