ВидеоКоррупсия

БОЗДОШТИ СОҲИБИ МАҒОЗАИ “ҶИЛО” БО 12 КИЛО ТИЛЛОВОРӢ ДАР ФУРУДГОҲИ ДУШАНБЕ

Гулнора Турсунбоева, маъруф бо номи “Гуля”, соҳибмулки силсилаи мағозаҳои тилловории “Ҷило”, рӯзи 24 январ ҳангоми боздошташ аз Истанбули Туркия дар фурудгоҳи Душанбе бо иттиҳоми  ба таври қочоқӣ ба Тоҷикистон ворид кардани 12 кило ороишоти тиллоӣ ба маблағи беш аз 600 ҳазор доллар  дастгир шудааст. Ин хабарро се манбаи гуногун, аз ҷумла тиллофурӯшони бозори “Корвон”, як манбаъ дар фурудгоҳ ва яке аз наздикони худи Гулнора Турсунбоева рӯзи 25 январ ба пойгоҳи хабарии “Бомдод” тасдиқ карданд.

Аммо дар мағозаи “Ҷило” ба “Бомдод” гуфтанд, ки ӯ дар ҳақиқат чанде пеш ба Туркия рафта буд ва бояд бармегашт, вале дар мавриди инки боздошт шуда буда бошад, кӯтоҳ ҷавоб доданд ки “Этого не может быть!” (“Ин имкон надорад!”)

Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи як манбаи дигари “Бомдод”, Гулнора Турсунбоева баъди он ки бо фурудгоҳи “Туркиш ҳаво йӯлларӣ” баргашта, бидуни ягон мушкил аз фурудгоҳ баромад, ҳангоми ба мошин нишастанаш дар таваққуфгоҳи назди фурудгоҳ боздошт шудааст. “Ҳамон ҷо бори ӯро тафтиш карда, аз дарунаш 12 кило маснуоти тиллоиро ба маблағи беш аз 600 ҳазор доллар пайдо кардаанд. То ҷое шунидем, Гулнора ин бори аз Туркия овардаашро бидуни пардохти боҷу хироҷи гумрукӣ ворид кардааст”, – нақл кард ҳамсуҳбати “Бомдод”.

Як манбаи дигар аз фурудгоҳ гуфт, “гумон меравад, ки дар қочоқи чунин миқдори бузурги ороишоти тиллоӣ ба ин зани тиллофурӯш кормандони гумруки фурудгоҳ ҳамдастӣ кардаанд, вагарна бидуни мусоидати онҳо даровардани чунин миқдори бузурги тилловори қочоқӣ аслан имкон надошт. Маҳз ҳамин шариконаш зани тиллофурӯшро аз тариқи СИП-зал бидуни ягон тафтиши бағочаш аз фурудгоҳ берун баровардаанд. Агар дастандаркорони амалиёт ягон дақиқаи дигар дер мекарданд, ӯ баромада мерафт бо 12 кило тилло.”

Гулнора Турсунбоева ягон 15 сол боз ба тиҷорати маснуоти тиллоӣ машғул буда, дар маркази шаҳр ва бозори “Корвон” чанд мағоза дорад, ки бо номи “Ҷило” маъруфанд.  Нафарони огоҳ аз вазъи бозори маснуоти тилллоии Тоҷикистон мегӯянд, Гулнора Турсунбоева яке аз тоҷирони ба истилоҳ “каттазан” дар ин бозор ба шумор мерафт, ки асосан аз Туркия  бор меовард. Ба ҳисоби онҳо, “Гуля” қариб ҳар моҳ аз Туркия барои фурӯш камаш 12 кило маснуоти тиллоӣ меовард.

“Дар пушташ одамони бақувват дошт ва аксари борашро бидуни пардохти боҷу хироҷи гумрукӣ ворид мекард. Дар натиҷа, дар бозор рақобати носолим ба вуҷуд омада буд ва онҳое, ки ҳалол кор мекарданд ва маҳсулоташонро қонунӣ меоварданд, наметавонистанд дар масъалаи нарх бо “Гуля” ва дигар тоҷирони, ки имкони бо роҳҳои қочоқӣ овардани борро доштанд, рақобат кунанд”, – гуфт як манбаи огоҳ аз вазъи ин бозор.

Моддаи 289 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон барои қочоқ ҷазоҳои гуногуне аз ҷарима то 20 соли зиндонро пешбинӣ мекунад. Вале дар аксари ҳолатҳо, парвандаҳои онҳое ки бо иттиҳоми қочоқ ба даст меафтанд, дар ниҳоят бо пардохти ягон ҷарима  ва “шапка”-и муайян ҳаллу вал мешавад.

Ва аммо феълан маълум нест, ки оё касе аз кормандони гумруки фурудгоҳ низ бо иттиҳоми ҳамдастӣ бо ин тоҷири тилло дастгир шудааст ё на?

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button