ВидеоМуҳоҷирон

ХУШХАБАР! МАЛИКА МУМИНОВА, ДУХТАРИ ТОҶИКЕ, КИ ДАР ПЕТЕРБУРГ ГУМ ШУД, ЁФТ ШУДААСТ!

Консулхонаи генералии Тоҷикистон дар Санкт-Петербург хабар дод, ки Малика Муминова, як духтари 18-сола аз Тоҷикистон, ки дар Петербург гум шуда буд, ёфт шудааст.

“Бомдод” қаблан хабар дода буд, ки Малика Муминова, ки ҳамроҳи модараш дар базаи меваву сабзавот дар шоҳроҳи Волхово (Волховское шоссе, 11Б) кор мекард, шоми 22 январ аз ҷои кор баромад, вале ба хона наомад. Бори охир ӯ соати 16:30 ба падараш занг зада, хабар додааст, ки алакай дар истгоҳ аст ва ба хона рафта истодааст. Соати 17 падараш дуюмбора ба Малика занг зад, вале телефони ӯ алакай хомӯш буд, ҷавоб намедод. Волидайни духтар дар ташвиш афтода, ба пулис муроҷиат карданд ва ҳамчунин аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ аз мардум барои ҷустуҷӯи Малика кумак хостанд.

Бино ба иттилои консулхона, маълум шуд, ки бегоҳи ҷумъа Малика худро дар истгоҳ нороҳат ҳис карда, аз ҳуш рафтааст. Бо кумаки ронандаи автобус ва мусофирон духтарро ба шифохонаи наздиктарин бурда расонидаанд. Малика баъди дарёфти ёрии тиббӣ  ба ҳуш омада, ба парвандонаш дар тамос шудааст ва аз худ дарак додааст.

Чуноне, ки волидайни Малика ба мо хабар доданд, вазъи саломатии у хуб аст”, гуфта мешавад дар иттилоияи консулгарӣ.

Малика зодаи шаҳри Бӯстони вилояти Суғд буда, волидонаш аз Мастчоҳанд. Аҳли ин оила дар Петербург кору зиндагӣ мекунанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button