ВидеоТиб ва беҳдошт/Муҳити зист

ДАР ТОҶИКИСТОН ДАР ЯК РӮЗ БОЗ 26 ҲОЛАТИ ГИРИФТОРӢ БА КОРОНАВИРУС САБТ ШУДААСТ

Вазорати тандурустии Тоҷикистон шоми 23 январ хабар дод, ки дар як шабонарӯзи охир дар кишвар боз 26 ҳолати нави гирифторшавии шаҳрвандон ба коронавируси нави навъи COVID-19  сабт шудааст.  Ин вазорат , ки аз 20 ноябр ба ин тараф ягон ҳолати нави коронавирусро тасдиқ намекард, дар се рӯзи охир алакай дар бораи 85 мавриди нави сирояти коронавирус хабар дод.

Эътирофи мавҷи нави коронавирус дар Тоҷикистон дар ҳолест, ки дар ин авохир ҳазорон нафар аз сокинони Тоҷикистон ва аксар бо тамоми аҳли оилаҳояшон гирифтори бемории сармохӯрдагии ғайриоддие шуданд. Табибон ин бемориро “зуком ё гриппи мавсимӣ” мегуфтанд, вале натиҷаҳои ташхиси даҳҳо нафаре, ки ба озмоишгоҳҳои хусусӣ муроҷиат карданд, нишон дод, ки онҳо гирифтори коронавирус шудаанд.

Рӯзи 20 январ дар ҷаласаи солонаи ҳукумати Тоҷикистон президент Эмомалӣ Раҳмон низ ба тундӣ аз вазорати тандурустӣ барои пинҳон кардани маълумоти воқеӣ дар бораи коронавирус интиқод кард ва аз ҷумла хитоб ба вазири тандурустӣ Ҷамолиддин Абдулллозода гуфт: “Мо киро фиреб дода истодаем? Мо худамонро фиреб дода истодаем!”

Гуфта мешавад, ки маҳз баъди интиқоди президент вазорати тандурустӣ маҷбур шуд, ки ҳолатҳои нави гирифторӣ ба коронавирусро эътироф ва нашр кунад. Ин вазорат  аз 13 сентябри соли 2021 сиёсати гӯё “ба нестӣ расидани коронавирус дар Тоҷикистон”ро пеш гирифта, дар ин байн ҳамагӣ 5 мавриди нави сирояти ин бемориро тасдиқ карду тамом. Бори охир ин вазорат аз ошкор шудани ҳолатҳои нави коронавирус дар кишвар 20 ноябр хабар дода буд.

Бо ин ҳол, бо тасдиқи 59 ҳолати нави гирифтории шаҳрвандон ба коронавирус дар ду рӯзи охир шумораи расмии гирифторшудагон ба ин вирус аз оғози пандемия то шоми 23 январ дар Тоҷикистон, бар асоси омори расмии вазорати тандурустӣ, ба 17 ҳазору 180 нафар расид.  Вазорат то имрӯз марги 124 нафарро ба иллати коронавирус расман тасдиқ кардааст.

Вале бисёриҳо бар инанд, ки шумори воқеии гирифторшудагон ва қурбониёни коронавирус дар Тоҷикистон хеле бештар аз омори расмиест, ки вазорати тандурустӣ эътироф мекунад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button