ВидеоКоррупсияНомаҳо ба президент

АФСАРЕ, КИ БАРОИ ГУЗАШТАН АЗ МАРЗИ ӮЗБЕКИСТОН “ДОЛЯ” МЕГИРИФТ, АФВ ШУДААСТ

Агентии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон рӯзи 24 январ хабар дод,  ки парвандаи Ҳидоятов Ҳасан, як афсари қӯшунҳои марзбонӣ, ки дар гузаргоҳи Пахтаобод дар марзи Турсунзода бо вилояти Сурхондарёи Ӯзбекистон аз шаҳрвандон барои гузаштан аз марз “доля” мегирифт, бар асоси қонуни афв қатъ карда шуда, ӯро аз ҷавобгарӣ озод кардаанд. Шарики ӯ Муҳаммадҷон Ҷӯраев, ки аз шаҳрвандони корафтода барои ин афсари марзбон пул ҷамъ мекард, низ мавриди афв қарор гирифтааст.

Бино ба иттилои маркази матбуоти агентӣ, “Ҳидоятов Ҳасан Сафарович дар вазифаи назоратчии басти дуюми шуъбаи назорати гузаргоҳи сарҳадии «Дӯстӣ»-и Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзода кор карда, шахси мансабдор маҳсуб ёфта, дар давраи фаъолияташ бо истифодаи мақоми хизматӣ дар чунин ҳолатҳо ҷиноят содир намуд.  Чунончӣ, ӯ дар давраи фаъолияташ дидаю дониста аз он, ки хуруҷ ва вуруди сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ройгон буда, барои гузаштани он пардохти маблағ пешбинӣ нашудааст, шахсан худаш ба воситаи шаҳрванд Ҷӯраев Муҳаммадҷон Камолович аз шаҳрвандон барои гузаштан аз сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон маблағи муайяне талаб карда гирифт.”

 Дар натиҷаи андешидани чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ  Ҳасан Ҳидоятов дар ҷои кораш  дар бинои гузаргоҳи сарҳадии “Дӯстӣ” (гузаргоҳи Пахтаобод) ҳангоми гирифтани маблағи 3000 сомонӣ аз ҷониби кормандони Агентӣ дастгир карда шуда, маблағи мазкур ҳамчун далели шайъӣ аз ӯ дарёфт ва гирифта шуд. 

 Оиди ҳолати мазкур нисбат ба Ҳидоятов Ҳ.С. бо моддаи 319 қисми 1 ва Ҷӯраев М.К. бо моддаҳои 247 қисми 2 банди “в” (қаллобӣҒ, 36, қисми 5-319 қисми 1 (гирифтани пора) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, бино бар татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» дар пешбурд қатъ карда шуд.        

“Бомдод” қаблан гузориш дода буд, ки дар пайи шикоятҳои фаровони мардум рӯзи 12 август кормандони Агентии мубориза бо коррупсия билохира се афсари Қӯшунҳои марзбониро дар гузаргоҳи Пахтаообод дар марзи Тоҷикистон бо Ӯзбекистон бо далелҳои шайъӣ ҳангоми аз мусофирони сафаракии Русия гирифтани “доля” дастгир карданд. Ба мақомот муяссар шуд, ки  сардори баст (смена) ва ҳарду муовинашро, ки он рӯз навбатдорӣ мекарданд, дастгир кунанд. Пулҳое, ки онҳо ба сифати “доля” ҷамъ мекарданд, ҳамчун далели шайъӣ мусодира карда шуд.

Ба зидди афсарони дастгиршуда бар асоси моддаи 319 бо иттиҳоми гирифтани пора парванда кушода буданд ва ба онҳо то 5 соли зиндон таҳдид мекард. Аммо тавре мебинем, дар охир ин парванда ҳам “ ҳаллу вал” шудааст…

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button