Коррупсия

КАСЕ КИ МЕГУЗАШТ, БОЯД “ДОЛЯ” МЕДОД: БОЗДОШТИ ЯК АФСАР ДАР ГУЗАРГОҲИ САРАЗМ

Як афсари қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон дар гузаргоҳи Саразм дар марзи Панҷакент бо ноҳияи Ургути вилояти Самарқанди Ӯзбекистон аз ҷониби кормандони Агентии мубориза бо коррупсия бо иттиҳоми ришваситонӣ дастгир шудааст.

Як манбаъ ба пойгоҳи хабарии “Бомдод” хабар дод, ки афсари қисми низомии 0203-и қӯшунҳои сарҳадии КДАМ рӯзи ҷумъа, 21 январ ҳангоми аз шаҳрвандон гирифтани пора барои “иҷозат додан ба убури сарҳад”, яъне “доля”, дастгир шудааст.

Гузаргоҳи сарҳадии Ҷартеппа – Саразм  яке аз гузаргоҳҳои умда дар марзи Тоҷикистон бо Ӯзбекистон буда, ба гуфтаи корафтодагон, масъулони ин гузаргоҳ, аз ҳар нафаре, ки ба Ӯзбекистон меравад, “ҳақ” талаб мекарданд. Ба истиснои шаҳрвандони Русия ва хориҷиён.

“Шапка” ё “доля” -и сарҳадбонон ҳоло аз 100 сомонӣ ба болост. Вале дар тобистони соли гузашта мавридҳое буд, ки аз мардуми роҳакӣ ҳатто то 1000 сомонӣ ҳам мегирифтанд.

Ин ҳақситониҳои ғайриқонунӣ дар гузаргоҳҳои марзи Тоҷикистон бо Ӯзбекистон тобистони соли 2021 вақте сар шуду авҷ гирифт, ки бисёрии шаҳрвандони тоҷики роҳии Русия ба далели ба осмон расондани нархи чиптаи парвоз аз фурудгоҳҳои Душанбе сафар ба Русия аз фурудгоҳҳои Ӯзбекистон бо нархҳои ба маротиб арзонтарро авло донистанд. Сарҳадбонон дар марз дар аввал асосан ҳамин нафарони роҳии Русияро “шикор” карда, аз онҳо аз 500 то 1000 сомонӣ “доля” талаб мекарданд.

Дар пайи шикояти фаровони мардум мақомот масъулони чандин гузаргоҳ, аз ҷумла гузаргоҳи Бекобод, гузаргоҳи аз ҳама бузург дар марз бо Ӯзбекистонро барканор карданд ва моҳи августи соли 2021 чанд афсари гузаргоҳи Пахтаобод дар марзи Турсунзода бо вилояти Сурхондарёи Ӯзбекистон низ бо иттиҳоми ситондани “доля” аз шаҳрвандони корафтода дастгир шуданд.

Вале дар гузаргоҳи Саразм бо вуҷуди шикояти чандинкаратаи сокинон ва мавриди санҷиш қарор гирифтани  масъулони ин гузаргоҳ, нафси кормандони инҷо, ба гуфтаи корафтодагон, ҳарчанд каме паст шуд, вале пурра ором нагирифт.

Корафтодагон мегӯянд, сарҳадбонони инҷо як сухан доранд: сарҳад расман баста аст. Хоҳем, иҷозат медиҳем, нахоҳем  – не!

Дар чунин шароит сокинон маҷбур мешаванд, ба кисаи марзбонҳо ягон сӯм “лағат” карда, бо ин роҳ иҷозати онҳо барои убури марзро ба даст биоранд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button