МуҳоҷиронХабарҳои кӯтоҳ

ИЛТИМОСИ БОЗНАШР!!! МАЛИКА МУМИНОВАИ 18-СОЛА ДАР ПЕТЕРБУРГ ГУМ ШУДААСТ. ЁРИИ ШУМО ЛОЗИМ АСТ!

Малика Муминова, як духтари 18-сола аз Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия гум шудааст. Малика зодаи шаҳри Бӯстони вилояти Суғд буда, волидонаш аз Мастчоҳанд. Аҳли ин оила дар Петербург кору зиндагӣ мекунанд.

Малика Муминова, ки ҳамроҳи модараш дар базаи меваву сабзавот дар шоҳроҳи Волхово (Волховское шоссе, 11Б) кор мекард, шоми 22 январ аз ҷои кор баромад, вале ба хона наомад.

Бори охир ӯ соати 16:30 ба падараш занг зада, хабар додааст, ки алакай дар истгоҳ аст ва ба хона рафта истодааст. Соати 17 падараш дуюмбора ба Малика занг зад, вале телефони ӯ алакай хомӯш буд, ҷавоб намедод.

Наздикони Малика алакай ба пулис ва ҳама гуруҳҳои ҷустуҷӯӣ муроҷиат кардаанд ва ба кумаки ҳамаи шумо низ умед бастаанд.

Агар Шумо Маликаро дар ягон ҷо дида бошед ваё куҷо будани ӯро бидонед, хоҳиш мекунем, ки бо ин рақам дар тамос шавед:

+7 904 512-94-93

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button