ВидеоМуҳоҷиронФарҳанг

БОЗПУРСИИ ЧАНД ТОҶИК ДАР ПАРВАНДАИ ҒОРАТИ 100 МИЛЛИОН РУБЛИ ЗАВҶАИ ГРАДСКИЙ (ВИДЕО)

Пулиси Русия рӯзи 23 январ баъди бозпурсии шаҳрванди 25-солаи Тоҷикистон Ромиз А. ӯро ҷавоб дод. Ромиз аввалин нафаре буд, ки бо гумони даст доштан дар ғорати 100 миллион рубли Марина Косташенко, ҳамсари овозхони марҳуми рус Александр Градский дастгир шуда буд. Телефони ӯ дар наздикии маҳалли ҳамла қарор доштааст, вале Ромиз исбот кардааст, ки телефонашро он рӯз ба як хешаш дода буд, вале худаш дар як ҷои тамоман дигар ва дур қарор дошт.

Расонаҳои Русия бо такя ба манобеи наздик ба тафтишот хабар медиҳанд, ки зоҳиран яке аз се ғоратгар бародари Ромиз аст, ки баъди он ҳамла мошини “Тойота” харида, аз Русия ба Қазоқистон фирор кардааст.  Роҳҳои асосии заминӣ аз Русия ба Тоҷикистон аз тариқи Қазоқистон мегузаранд ва аз эҳтимол дур нест, ки ӯ алакай ба Тоҷикистон расида бошад.

Ёдовар мешавем, Марина Косташенко қаблан ба пулис хабар дод, ки рӯзи 16 январ дар роҳ дар ҳудуди ноҳияи Наро-Фомински вилояти Маскав се марди мусаллаҳ барқасдона садама ташкил карда, ба мошини ӯ нишастанд ва маҷбураш карданд, ки ба хонааш баргашта, 100 миллион рубл пули нақдеро, ки дар хона дошт, бароварда, ба онҳо диҳад.  Ғоратгарон сипас Косташенкоро маҷбур кардаанд, ки онҳоро бо мошинаш то Апрелёвка барад.

Пулис ин мошинро хеле зуд дар ноҳияи Соколникии шаҳри Маскав пайдо кард. Мошин ба исми Халлоқов ном сокини вилояти Твер сабт шуда буд. Вале ӯ баёнот дод, ки ин мошинро кайҳо бо боварихат ба Умед Ҷабборов ном шаҳрванди Тоҷикистон фурӯхтааст. Ҷабборов ба навбати худ баёнот дод, ки мошинро ба як ҳамватанаш фурӯхтааст. Гумон меравад, ки ин харидори ахир ҳамон бародари Ромиз А. бошад.

Дар ҳамин ҳол, хоҳари Александр Градский иддаои келинашон дар бораи ғорат шуданашро зери шубҳа гузоштааст. Ӯ гуфтааст, Марина Косташенко ҳанӯз расман вориси пулу моли Градский нашудааст ва метавонист ин ғоратгариро вонамуд кунад, то ки шонаи худро аз масъулияти тақсими мерос бо дигар ворисони Градский халос кунад.

Александр Градский, овозхон ва оҳангсози шинохтаи рус, рӯзи  28 ноябри соли 2021 дар синни 72 аз олам чашм пӯшид. Ӯ 17 соли охир бо модели украинӣ Косташенко зиндагӣ мекард ва онҳо ду фарзанд ҳам доштанд. Вале ақди никоҳи Градский бо ҳамсари ҷавонаш ҳамагӣ як моҳ пеш аз марги овозхон расман сабт шудааст, ки ин ҳам ба оташи шакку шубҳаи хешовандони дигари Градский ба фарзияи ғорати 100 миллион рубли Косташенко равғани бештар мерезад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button