КоррупсияНомаҳо ба президентҲуқуқи инсон

БАРКАНОРИИ ДУ КОРМАНДИ МИЛИТСИЯИ ДУШАНБЕ БАРОИ ШАНТАЖИ ДОНИШҶӮИ ХОРИҶӢ БАРОИ АЛОҚААШ БО ЯК ДУХТАРИ ТОҶИК

Ду корманди милитсия – сардори шӯъбаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятии  милитсияи ноҳияи И.Сомонии шаҳри Душанбе Муҳаммадҷон Ализода ва нозири минтақавӣ дар ҳамин ноҳия Азамат Иброҳимзода барои тамаъҷӯӣ ва иъроб (шантаж) нисбат ба як шаҳрванди Финландия, ки дар Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон кор мекунанд, аз мақом барканор карда шудаанд.

Дар ин бора рӯзи 22 январ дар сомонааш Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон хабар дод. Вале баъди чанде ин хабар аз сомонаи ин созмони ҳомии ҳуқуқ ғайб зад.

Дар хабар гуфта мешуд, ки «20 октябри соли 2021 ин ду корманди милитсия бе асос ба манзили иҷораи Ш.М. даромада, ба наворгирии ӯ ва духтари меҳмонаш Н. пардохтаанд ва таҳдид кардаанд, ки ин видеоро дар Интернет гузошта, барои ин ҷавон ва дӯстдухтараш мушкил эҷод хоҳанд кард. Кормандони милитсия духтарро чанд шаппотӣ ҳам задаанд ва вақте Ш.М. аз духтар ҳимоят карданӣ мешавад, кормандони милитсия аз вай 1000 доллар талаб мекунанд. Дар ниҳоят, ҷавон ба онҳо 300 доллар ва 1880 сомонӣ дода, пагоҳаш ба раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе аз амалҳои ғайриқонунии кормандони милитсия шикоят навиштааст.”

Рӯзи 11 ноябри соли  2021 аз милитсияи пойтахт ба Ш.М. посух додаанд, ки кормандони милитсия М.Ализода ва А.Иброҳимзода барои паст задани шаъну эътибори ӯ аз вазифаҳояшон барканор карда шуданд.

Рӯзи 17 ноябр Ш.М. ба Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон муроҷиат карда, барои баргардондани пулҳое, ки он ду корманди милитсия бо роҳи шантаж аз вай гирифта буданд, кумаки ҳуқуқӣ хостааст.

Ин созмон барои ҳалли ин қазия ба Додситонии кул ва Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон муроҷиат кардааст. Ҳалли ин масъаларо дар ниҳоят ба раёсати амнияти дохилии ВКД вогузор кардаанд ва кормандони ин раёсат дар пайи таҳқиқи қазия моҳи январ Ш.М.-ро даъват карда, аз ӯ барои рафтори он ду корманди милитсия расман узр хостаанд. Шаҳрванди Финландия баъди ин узрхоҳӣ аз идомаи даъвояш даст кашидааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button