ВидеоМуҳоҷиронРӯйдодҳои Бадахшон

АМРИДДИН АЛОВАТШОЕВ КУҶОСТ?

Бо гузашти қариб ду ҳафта аз нопадид шудани Амриддин Аловатшоев, яке аз лидерҳои ғайрирасмии Бадахшон ҳамчунон дар бораи куҷо будани вай иттилои дақиқе дар даст нест.

Мақомоти вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯянд, иттилоъ дар бораи аз Русия ба Душанбе овардани Аловатшоевро “сомонаҳои ғайрирасмӣ ва ғайриқобили эътимод” пахш кардаанд, вале ин асоси воқеӣ надорад.

“Хабарҳо буд, ки гӯё ӯро дар Русия боздошт кардаанд. Вале дар Тоҷикистон нест. Расонаҳои ғайрирасмӣ чунин иттилоъи бардурӯғро нашр мекунанд. Ба ин хабарҳо бовар накунед. Агар ӯ дар Тоҷикистон бошад мо иттилои расмӣ пахш мекунем”, – гуфтаанд аз ВКД ба “Азия Плюс”.

Масъулони маркази матбуоти ВКД ба Радиои Озодӣ низ гуфтаанд, ки ин ниҳод дар бозгардондани Амриддин Аловатшоев аз Русия даст надорад.

Вале ҳам “Азия Плюс” ва ҳам Озодӣ ин нуктаро ёдовар шудаанд, ки қаблан ВКД хабари ба Тоҷикистон оварда шудани Иззат Амон ва Чоршанбе Чоршанбиевро дар аввал “беасос” номида, рад карда буд. Вале баъдан маълум шуд, ки ҳарду алакай дар Душанбе будаанд.

Қарори маълум, хабари истирдоди Иззат Амонро дар поёни моҳи марти соли 2021 баъди тақрибан ду рӯзи аз Маскав оварда шуданаш ва хабари ҳабси Чоршанбиев дар фурудгоҳи Душанберо худи ҳамон рӯзи 30 декабр, алакай баъди чанд соати ҳабсаш эълон карданд.  Ва аммо бо гузашти қариб ду ҳафта ба Душанбе овардани Аловатшоевро ягон ниҳод тасдиқ намекунад.

Ин дар ҳолест ки манобеи зиёде исрор меварзанд, ки Амриддин Аловатшоев рӯзи 11 январ дар вилояти Белгороди Русия дастгир ва алакай рӯзе баъд аз тариқи Маскав ба Душанбе фиристода шудааст ва аз 13 январ дар дасти мақомоти Тоҷикистон қарор дорад.

София Мунимшоева, ҳамсари Амриддин Аловатшоев, рӯзи 21 январ ба Радиои Озодӣ гуфт, бори охир бо шавҳари худ 11-уми январ тамос дошт, вале аз он рӯз дигар дастнорас аст. “Ҳамроҳони шавҳарам гуфтанд, онҳоро 11-уми январ дар Белгород боздошт карданд. Пас аз ду рӯз раҳо карданд, аммо ӯро дигар касе надидааст”,  – гуфтааст Мунимшоева.

Дар ин байн чанд нафар аз наздикони Аловатшоев иддао доранд, ки ӯ дар озодист ва гӯё дар як макони амн пинҳон шудааст. Яке аз онҳо дар суҳбат бо “Бомдод” гуфт, ки гӯё чанд рӯз пеш бо Амриддин Аловатшоев телефонӣ суҳбат доштааст. Вале ин манбаъ ягон далеле барои исботи ин иддаояш оварда натавонист.

Ва аммо дар шабакаҳои иҷтимоӣ акси хатти ҷустуҷӯи Аловатшоев нашр шуд, ки тибқи он, ин лидери ғайрирасмии Бадахшон аз 27 декабри соли 2021 аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон таҳти ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор дода шудааст.

Пойгоҳи мустақили Pamir Daily News, ки таҳаввулоти марбут ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро пайгирӣ мекунад, рӯзи 19 январ бо такя ба “се манбаи баландпоя дар сохторҳои ВКД Тоҷикистон” хабар дод, ки яке аз лидерҳои ғайрирасмии Бадахшон Амриддин Аловатшоевро алакай рӯзи 12 январ аз Русия ба Душанбе овардаанд ва ӯ дар дасти УБОП (раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккилонаи ВКД) қарор дорад. Бино ба иттилои ин нашрия, дар Тоҷикистон ба зидди Амриддин Аловатшоев бар асоси моддаи 189 бо иттиҳоми барангехтани низоъи байни маҳалҳо парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд.

Амриддин Аловатшоев зодаи ноҳияи Роштқалъа буда, 44 сол дорад. Исми ӯ бори аввал дар октябри соли 2018 вақте дар сархатти хабарҳо афтод, ки мақомот дар қатори 7 лидери ғайрирасмии Бадахшон бо Аловатшоев низ як протоколи алоҳида имзо карданд. Бар асоси он санад, Аловатшоев уҳдадор мешуд, ки аз ташкили гуруҳҳои ҷиноӣ даст кашида, ҷавононро ба зидди ҳукумат нашӯронад.

Аловатшоев соли 2019 ба Русия рафт ва ба зудӣ яке аз лидерҳои бонуфузи диаспораи зодагони Бадахшон дар ин кишвар шуд.  Гуфта мешавад, ки Аловатшоев дар ҳалли мушкилоте, ки ба сари муҳоҷирони бадахшонӣ дар Русия меомад, кумак мекард ва барои ҷавонони ин минтақа дар Маскав ва дигар шаҳрҳои Русия толорҳои варзишӣ ташкил мекард.

Амриддин Аловатшоевро яке аз ташкилкунандагони митинги шоми 25 ноябр дар назди сафорати Тоҷикистон дар шаҳри Маскав мешуморанд. Ӯ аз ҷумлаи онҳое буд, ки он шом бо сафири Тоҷикистон дар Русия Давлатшо Гулмаҳмадзода мулоқот карданд ва талабҳои эътирозгаронро ба вай расонданд. Алишер Мирзонабот, раиси ВМКБ ва Далер Ҷумъа, вазири энергетикаи Тоҷикистон рӯзи 10 январ дар як ҷаласа дар Хоруғ Аловатшоевро “саркардаи гуруҳи ҷиноӣ” ном бурда, ба он айбдор карданд, ки зодагони ин вилоятро дар Русия ба зидди ҳукумат мешӯронад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button