Тиб ва беҳдошт/Муҳити зист

ВАЗОРАТ БА ТОҶИКИСТОН РАСИДАНИ МАВҶИ НАВИ КОРОНАВИРУСРО РАСМАН ТАСДИҚ КАРД

Вазорати тандурустии Тоҷикистон шоми 21 январ хабар дод, ки дар як шабонарӯзи охир дар кишвар 23 ҳолати нави гирифторшавии шаҳрвандон ба коронавируси нави навъи COVID-19  сабт шудааст. Ин вазорат аз 13 сентябр сиёсати иштибоҳии  “ба нестӣ расондани коронавирус” дар Тоҷикистонро пеш гирифта, дар тӯли беш аз 4 моҳи охир ҳамагӣ 5 мавриди сироят ба ин вирусро эътироф карда буд. Аз аввали моҳи ноябр, бино ба иддаои вазорати тандурустӣ, дар Тоҷикистон гӯё ягон ҳолати гирифторӣ ба коронавирус сабт нашуда буд.

Эътирофи якбора 23 ҳолати нави гирифторӣ ба коронавирус ҳамагӣ як рӯз баъди дар маҷлиси ҷамъбастии ҳукумат аз кори вазорати тандурустӣ бо як лаҳни шадид шикоят кардани президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифт. Яке аз иштирокдорони ҷаласаи солонаи ҳукумат ба пойгоҳи хабарии “Бомдод” гуфт, Эмомалӣ Раҳмон аз маълумоти воқеӣ дар бораи коронавирусро пинҳон кардани вазорати тандурустӣ сахт интиқод кард ва хитоб ба вазири тандурустӣ Ҷамолиддин Абдулллозода гуфт: “Мо киро фиреб дода истодаем? Мо худамонро фиреб дода истодаем!” Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст, сабаби пинҳон кардани маълумотти воқеӣ дар бораи коронавирус ҳатто барои ӯ қобили фаҳм нест.

Эмомалӣ Раҳмон дар тӯли соли 2021, ба хусус дар тобистони соли гузашта, ки Тоҷикистон ба мавҷи навбатӣ ва хеле пурқурбонии коронавирус дучор шуда буд, низ чанд дафъа аз маълумоти воқеиро дар бораи ин беморӣ пинҳон кардани вазорати тандурустӣ танқид карда, як бор ҳатто аз оилаи худаш ёдоварӣ кардааст, ки “ман чӣ хел ба рақамҳои шумо бовар кунам, вақте ки шумораи беморон дар байни хешу табори худи ман аз ин рақамҳои шумо дида хеле бештар аст?”

Ёдовар мешавем, моҳи июли соли 2021 ду хешованди наздики президент: Ӯзбекбӣ Саъдуллоева ва хоҳараш Қурбонбӣ Раҳмонова аз коронавирус ҷон бохтанд ва фарзандаони Қурбонбӣ Раҳмонова, бино ба иттилои дарёфтӣ, дар пайи даргузашти модарашон ҳатто вазири тандурустӣ Ҷамолиддин Абдуллозода, мудири беморхонаи ҳукуматӣ ва чанд табибро латтукӯб карданд.

 Бо ин ҳол, бо тасдиқи 23 ҳолати нави гирифтории шаҳрвандон ба коронавирус шумораи расмии гирифторшудагон ба ин вирус аз оғози пандемия то шоми 21 январ дар Тоҷикистон, бар асоси омори расмии вазорати тандурустӣ ба 17 ҳазору 118 нафар расид.  Вазорат то имрӯз марги 124 нафарро ба иллати коронавирус расман тасдиқ кардааст.

Вале бисёриҳо бар инанд, ки шумори воқеии гирифторшудагон ва қурбониёни коронавирус дар Тоҷикистон хеле бештар аз омори расмиест, ки вазорати тандурустӣ эътироф мекунад.

Дар чанд ҳафтаи охир ҳазорон нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон ва аксар ба таври хонахез, яъне бо тамоми аҳли оилаҳои худ бемории сахтеро пушти сар карданд, ки табибон онро “зукоми мавсимӣ” меномиданд. Вале натиҷаи ташхиси даҳҳо нафаре, ки ба ташхисгоҳҳои хусусӣ муроҷиат карданд, нишон медод, ки онҳо гирифтори коронавирус шудаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button