Хабарҳои кӯтоҳ

ЯК ЗАН ҶИПИ “ПРАДО” ХАРИДА, 4 МОҲ БОЗ ПУЛАШРО НАДОДААСТ

Зани 38-солаи сокини шаҳри Душанбе ба он гумонбар мешавад, ки 15 сентябри соли 2021 бо роҳи фиреб ба боварии марди 42-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ даромада, мошини тамғаи “Тойота-Прадо”-и ӯро 240 ҳазор сомонӣ нарх карда, гирифтаааст, вале то ҳол пули мошинро надодааст.

ххххххххххххх

Ҷавони 24-солаи сокини ноҳияи Мӯъминобод  ба он гумонбар мешавад, ки субҳи 20 январ аз як анбор дар кӯчаи Рӯдакии шаҳри Душанбе 15 аккумуляторро дуздидааст.

хххххххххх

Ҷавони 19-солаи қаблан ҳам барои дуздӣ судшуда ба он гумонбар мешавад, ки субҳи 19 январ аз манзили сокини 58-солаи шаҳри Кӯлоб 700 сомонӣ ва ороишоти тиллоиро дуздидааст.

Аз навори хабарҳои рӯзи 22 январи маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон

Даст ба қаллобӣ задани зани 38-сола

04

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза марди 42-солаи сокини ноҳияи Рўдакӣ муроҷиат намудааст, ки 15-уми сентябри соли 2021, зани 38-солаи сокини шаҳри Душанбе бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ автомашинаи тамғаи “Тойота-Прадо”-ро ба маблағи 240 ҳазор сомонӣ нархгузорӣ карда гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.

Аз рўи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Ҳодисаҳои дуздӣ ошкор гардиданд

74a44dcac53dc9d507d7c9d549fbebb0

Ба ШВКД дар ноҳияи И.Сомонии шаҳри Душанбе, бо ариза марди 40-солаи сокини пойтахт муроҷиат намудааст, ки 20-уми январи соли 2022, тахминан соати 08:00, шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз дохили анборхона, воқеъ дар кӯчаи Рӯдакии ш.Душанбе, 15-адад аккамуляторро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Зарари расонидашуда 22 ҳазору 500 сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 24-солаи сокини ноҳияи Муъминобод ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти мазкур дастгир карда шуд.
Ҳамчунин ба ШВКД дар шаҳри Кӯлоб бо ариза марди 58-солаи сокини ҳамин шаҳр муроҷиат намудааст, ки 19-уми январи соли 2022, тахминан соати 08:00, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада, аз он ҷо 700 сомонӣ ва ҷавоҳироти гуногуни тиллоиро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 10 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 19-солаи сокини шаҳри Кӯлоб, ки пеш бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти мазкур дастгир карда шуд.
Оид ба ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button