ВидеоСиёсатҲуқуқи инсон

ГУРУҲИ СОЗМОНИ МИЛАЛ РАБУДАНИ ГАДОЕВРО ҲАБСИ ХУДСАРОНА НОМИД (ВИДЕО)

Гуруҳи кории Созмони Милал оид ба боздоштҳои худсарона (UNWGAD)  19 ноябри соли 2021 дар пайи баррасии парвандаи аз Русия рабуда, ба  Тоҷикистон бурдани сиёсатмадори оппозитсионери тоҷик Шарофиддина Гадоев, боздошти ӯро ҳам дар Русия ва ҳам дар Тоҷикистон боздошти худсаронаи ғайриқонунӣ ва поймол кардани ҳуқуқи байналмилалӣ номид. Дар ин бораи рӯзи 21 январ Бунёди ҳуқуқи инсон (HRF), қароргоҳаш дар НюЙорк, ки парвандаи Гадоевро ҳамин созмони ҳомии ҳуқуқ ба минбари Созмони Милал кашонда буд, хабар дод.

Гуруҳи кории Созмони Милал дар қарораш ба хулосае расидааст, ки Русия ва Тоҷикистон ягон заминаи қонунӣ барои боздошти Шарофиддин  Гадоев надоштанд ва боздошти ғайриқонунии ӯ  асли ҳуқуқи байналмилалӣ дар мавриди муҳокимаи додгоҳии одилонаро поймол мекунад. Созмони Милал аз мақомоти Русия ва Тоҷикистон хостааст, ки ба Шарофиддин Гадоев барои поймол кардани ҳуқуқаш ҷуброн пардохт кунанд.

Хонум Мишел Гулино, мудири масоили ҳуқуқии Бунёди ҳуқуқи инсон дар шарҳи тасмими Гуруҳи кории Созмони Милал оид ба боздоштҳои худсарона гуфт: “Мо аз ин ки Гуруҳи кории Созмони Милал табиати худсарона доштани рабудани Гадоев аз ҷониби мақомоти давлатии Русия ва Тоҷикистонро расман эътироф кард,  истиубол мекунем.  Шарофиддин Гадоев ва хонаводаи ӯ доимо дар ҳолати тарс ба сар мебурданд ва ӯ барои муборизаи осоиштааш ба зидди коррупсияи беист дар режими худкомаи Тоҷикистон шадафи мустақими таъқиб қарор гирифт. Мутаассифона, ин қазия танҳо як намунаи таҷрубаи фаровони таъқиби рӯирости фахолони тоҷикест, ки заҷри ҳукумати худкомаро мекашанд, вале бо ин вуҷуд ба зидди коррупсия дар тамоми сатҳҳои давлатӣ мубориза мебаранд. Русия ва Тоҷикистон барои маҷбуран супурдани Гадоев забон як карда буданд ва ҳоло бояд ба даъватҳои Гуруҳи корӣ ҷиҳати ислоҳи қазияи Гадоев дар чорчӯби меъёрҳои байналмилалӣ гӯш биандозанд.”

Шарофиддин Гадоев – роҳбари Ҷунбиши оппозитсионии ислоҳот ва рушди Тоҷикистон, ки дар Ҳолланд паноҳ мебарад, дар миёнаи моҳи феврали соли 2019, вақте рабуда шуд, ки бо даъвати адвокати рус Николай Николаев ба Маскав омад. Гадоевро бо ваъдаи ташкили мулоқот бо мақомҳои баландпояи ҳукумати Русия ба хотири баррасии роҳҳои тамоси мухолифини тоҷик бо Кремл ба пойтахти Русия ҷалб карда, ба дом афтоданд.

Дар Маскав дар роҳ ба “мулоқот” бо мансабдорони ваъдагӣ Гадоевро кормандони мақомоти амниятии Русия “бардоштанд” ва ба дасташ завлона задаву ба сараш халта кашиданд ва даҳонашро бо скотч баста, маҷбуран ба ҳавопаймои роҳии Душанбе савораш карданд. Ӯро рост дар ҳавопаймо дастгир карда,  дар Душанбе ба яке аз таҳхонаҳои ВКД Тоҷикистон бурданд, вале ба ҳама чунин вонамуд карданд, ки гӯё  ин роҳбари сарсахти мухолифин бо “изҳори пушаймонӣ” ва “тавба” худаш ихтиёран ба Тоҷикистон баргаштааст. Мақомот модар ва хоҳари Гадоевро ҳам маҷбур карданд, ки нақш бозӣ карда, чунин вонамуд кунанд, ки ӯ гӯё худаш баргаштааст.

Вале баъди чанд рӯз видеои аз пеш сабт кардаи Гадоев нашр шуд, ки ӯ дар он видео бо сароҳат мегуфт: “Агар ман ногаҳон дар Душанбе пайдо шавам ва гӯям, ки худам ихтиёран баргаштаам, бовар накунед, зеро ман ҳеҷ гоҳ бо ихтиёри худам ба онҷо барнамегардам…”

Баъди нашри ин видео маъракаи густардаи байналмилалӣ бо талаби раҳоии Шарофиддин Гадоев шурӯъ шуд ва мақомоти Тоҷикистон маҷбур шуданд, ки рӯзи 2 марти соли 2019 ӯро аз ҳабси худсарона озод карда, ба ҳавопаймои Душанбе – Франкфурт бишинонанд.

Матни пурраи қарори Гуруҳи кории СММ дар мавриди Гадоевро инҷо бихонед:

ҚАРОРИ ГУРУҲИ КОРИИ СММ ОИД БА ШАРОФИДДИН ГАДОЕВ

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button