ВидеоИқтисодТоҷикистонҶомеа

ГИМНАЗИЯИ “КАФОЛАТ” 20 ҲАЗОР СОМОНӢ ҚАРЗИ ПУЛИ ТАҲСИЛИ ХОНАНДАИ АЪЛОХОНАШРО БАХШИД

Аз маъмурияти гимназияи №8 (гимназияи “Кафолат)–и шаҳри Душанбе ба пойгоҳи хабарии “Бомдод” хабар доданд, ки муассиси ин гимназия ба хонаводаи Мирзохӯҷа Самадов аз ҳисоби қарзҳои солҳои пеш ва қарзи пули таҳсили имсолаи фарзанди сеюмаш беш аз 20 ҳазор сомониро бахшидааст ва бо ҳамин нофаҳмие, ки байни ин хонавода ва маъмурияти гимназия пеш омада буд, бо роҳи  мусолиҳаомез ҳал шуд.

Қаблан Мирзохӯҷа Самадов, як сокини Душанбе, ки  7 сол боз наметавонад 2 миллион сомонӣ пасандози худро аз бонки алакай басташудаи «Тоҷпромбонк» пас бигирад, гуфта буд, азбаски пули таҳсили писараш Идрисро дода натавонист,  ӯро аз гимназияи “Кафолат” хориҷ кардаанд. Мирзохӯҷа Самадов гуфт, писараш яке аз хонандагони пешсафи ин мактаб буда, барои таҳсили аълову рафтори намунавиаш даҳҳо диплому ифтихорнома ба даст оварда буд ва аксаш тахтаи хонандагони беҳтарини гимназияро оро медод.

Дар огоҳиномаи гимназия гуфта мешуд, ки хонандаи синфи 6А Самадов Идрис ба сабаби то муҳлати муқарраршуда (11 январ) пардохт нашудани 12 ҳазору 900 сомонӣ пули таҳсилаш аз гимназия ба муассисаи таълимии маҳалли зисташ интиқол дода шудааст.

Вале мудири гимназия Шарифхоҷа Шариф ба “Бомдод” гуфт, Идрис Самадовро аз мактаб ҳанӯз хориҷ накардаанд, балки ба волидони ӯ ва дар маҷмӯъ 35 хонандае, ки пули таҳсили имсоларо насупурдаанд,  огоҳинома фиристодаанд, то пули мактабро пардохт кунанд.

Мудири гимназия гуфт,  ду фарзанди ин хонавода: Самадов Саддам ва Самадов Азиз   ин мактабро бо ироаи имтиёз аз ҳисоби пардохти маблағи таҳсил  ба поён расонданд ва ба фарзанди сеюми ин хонавода Самадов Идрис низ имтиёзҳое дода шуда, ӯ аз ҷумла аз пардохти 2350 сомонӣ пули солонаи ғизо пурра озод карда шудааст.

Мирзохӯҷа Самадов гуфта буд,  бори охир ба ӯ аз 2 миллион пасандози дар “Тоҷпромбонк” дармондааш моҳи декабр ҳамагӣ 500 сомонӣ додаанд ва ӯ ба ҳамин далели дар бонк дармондани пасандозҳояш наметавонад пули мактабро пардохт кунад.

“Гоҳо 500 медиҳанд, гоҳе 800, ва агар хеле ҳиммат кунанд, моҳе 1000 сомонӣ.  Ман даҳҳо бор ба роҳбарони кишвар, аз ҷумла ба президент Эмомалӣ Раҳмон муроҷиат кардам, ки ба ман кумак кунед, ки пули ҳаққи ҳалоли худамро аз ин бонк бигирам. Вале мутаассифона, касе ба додам нарасид. Президент дар вақташ мегуфт, ба хотири таъмини пешравии иқтисоди кишвар пулҳои худро дар бонкҳои ватанӣ гузоред Ман ҳам ба ҳамин суханони президент гӯш дода, тамоми молу мулкамро фурӯхтам ва дар бонк гузоштам. Имрӯз пули худамро гардонда намедиҳанд..” – мегӯяд Мирзохӯҷа Самадов.

“Тоҷпромбонк” ва “Фононбонк” – ду бонки буҳронзадаро Бонки миллии Тоҷикистон моҳи феврали соли 2017 барҳам дод ва дар ҳарду муассисаи молиявӣ маъмурияти беруна ҷорӣ кард.   Ҷамшед Зиёев, раиси “Тоҷпромбонк” соли 2018 боздошт ва моҳи декабри соли 2020 ба 8 солу 6 моҳи зиндон маҳкум шуд.

Як вазифаи асосии маъмурияти беруна аз ҳисоби дороиҳои бонк пардохт кардани пулҳои дар “Тоҷпромбонк” дармондаи муштариёнаш гуфта мешуд. Мирзохӯҷа Самадов мегӯяд, ин маъмурияти беруна 5 сол боз фаъолият дорад ва ахиран замони фаъолияташ бо қарори Додгоҳи иқтисодӣ боз тамдид шуд, вале мушкили онҳо ҳамчунон ҳалношуда боқӣ мондааст.

Мисли Мирзохӯҷа Самадов садҳо нафари дигар аз шаҳрвандони Тоҷикистон дар вақташ бо умеди фоизи баланд пасандозҳои худро дар бонкҳо гузоштанд ва баъди варшикаста шудани ин бонкҳо пулҳои худро пас гирифта наметавонанд.

Дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон  тақрибан нисфи созмонҳои мавҷудаи молиявӣ, яъне 59 ташкилоти қарзӣ, аз ҷумла 5 бонк (Тоҷпромбонк, Фононбонк, Тоҷиксодиротбонк, Агроинвестбонк ва бонки “Кафолат”) дар ҳоли барҳамхӯрӣ қарор доранд. Аз ин шумор 23 ташкилоти қарзӣ, аз ҷумла ин 5 бонк, ба далели варшикаста (банкрот) шудан барҳам дода мешаванд. Ҳоло дар кишвар 63 ташкилоти қарзӣ (14 бонк, 18 ташкилоти микродепозитӣ, 4 ташкилоти қарзии хурд ва 27 фонди хурди қарзӣ) амал мекунанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button