МуҳоҷиронХабарҳои кӯтоҳ

9,5 СОЛ ҲУКМИ ЗИНДОНИ ЯК ШАҲРВАНДИ ТОҶИКИСТОН ДАР САМАРА БАРОИ 17 ГРАММ ҲЕРОИН

Додситонии вилояти Самараи Русия хабар дод, як шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар шаҳри Самара бо 17 грамм маводи мухаддири сахтаъсири навъи ҳероин ба даст афтода буд, ба 9 солу 6 моҳи зиндони низомаш сангин маҳкум шудааст.

Бино ба фарзияи тафтишот ва додгоҳ, ин шаҳрванди Тоҷикистон моҳи марти соли 2021 дар ҳудуди ноҳияи Красноглинскийи шаҳри Самара тавассути хариду фурӯш аз тариқи пинҳонгоҳҳо (тайник –закладка) 34 грамм ҳероинро, ки дар 34 баста ҷобаҷо шуда буд, ба даст овардааст.

 “Ӯ 29 бастаро барои фурӯши минбаъда дар 4 пинҳонгоҳ дар ҳудуди ноҳияи Самара пинҳон кард. Вале ӯ қасди ҷиноятиашро то ба охир расонда натавонист, чунки аз ҷониби кормандони пулис дастгир карда  шуд. Мақомот аз вай 5 бастаи ҳероинро ёфта гирифтанд, ҳамчунин маводи мамнӯи қаблан аз ҷониби ӯ пинҳонкардашуда ҳам ёфта ва гирифта шуд”, – гуфта мешавад дар иттилоияи додситонӣ.

Тафтиши парвандаи ин шаҳрванди Тоҷикистонро додситонии ноҳияи Самара анҷом дода, додгоҳ вайро дар қасди фурӯши маводи мухаддир гунаҳкор шинохт ва барои нӯҳуним сол равонаи зиндон кард. Маводи мухаддири мусодирашуда бо қарори додгоҳ нобуд карда мешавад. Ҳукми ин шаҳрванди Тоҷикистон ҳанӯз ба иҷро надаромадааст.

Тоҷикистон, ки бо Афғонистон, манбаи асосии тавлиди ҳероин, афюн ва ҳашиши дунё, 1425 километр марзи муштарак дорад, дар солҳои охир ба як масири умдаи қочоқи маводи мухаддири “афғонӣ” табдил ёфтааст. Як қисми аъзами ин маводи мухаддир аз ҷониби қочоқбарон бо истифода аз қаламрави Ӯзбекистон ба бозорҳои сиёҳи шимоли сайёра, асосан ба Русия ва Қазоқистон ва қисман ҳатто ба Аврупо, интиқол дода мешавад.

То 1 январи соли 2021 дар маҳбасҳои Русия қариб 7 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон адои ҳукм мекарданд ва беш аз 1200 нафари дигар таҳти тафтишот дар боздоштгоҳҳо қарор доштанд. Бино ба ҳисобҳои ғайрирасмӣ, тақрибан чоряки зодагони Тоҷикистон дар Русия барои даст доштан дар ҷиноятҳои марбут ба қочоқу фурӯши маводи мухаддир пушти панҷара андохта шудаанд.

Маҳбусони тоҷик дар яке аз маҳбасҳои Русия

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button