Хабарҳои кӯтоҳҲодиса

ДАР ЯК САДАМАИ ПУРҚУРБОНӢ СЕ СОКИНИ ИСФАРА ҲАЛОК ВА СЕ ТАНИ ДИГАР ЗАХМӢ ШУДАНД

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки субҳи 20-уми январи соли 2022, тахминан соати 07:30, ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс», Сатторов Абдулаким Абдувосидович, соли таваллудаш 1994, сокини шаҳри Исфара, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди «Исфара-Конибодом-Ғафуров», бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, ба автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс», таҳти идораи ронанда, Ҳайдарзода Абдувосит Ғанӣ, соли таваллудаш 1993, сокини шаҳри Конибодом, бархӯрдааст.
Дар натиҷаи бархӯрд, ронандагон: Ҳайдарзода А.Ғ., Сатторов АА. ва мусофири автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс», Қаюмова Муслимахон Ҳасанбоевна, соли таваллудаш 1973, сокини шаҳри Исфара, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
Мусофирони дигари автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс», Сатторов Абдухолиқ Ҳасанбоевич, соли таваллудаш 1970, Исматова Таборахон Ҳасанбоевна, соли таваллудаш 1969 ва Сатторова Умидахон Ваҳобовна, соли таваллудаш 1940, сокинони шаҳри Исфара, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
Таҳқиқи ин ҳодиса идома дорад.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда гуфт, қурбониёни ин садама аз ҷамоати Навгилем буданд. Аз ному насабашон бармеояд, ки онҳо ҳама хешу таборанд. КҲФ гуфт, ба ҷои ҳодиса 7 наҷотбахш сафарбар гардида, ҷасадҳоро бо кумаки таҷҳизоти махсус аз дохили мошин баровардаанд.
Аз аввали ҳафтаи ҷорӣ ин алакай панҷумин садамаи марговар дар роҳҳои Тоҷикистон аст, ки маркази матбуоти ВКД хабар медиҳад. Дар ин 5 садама дар умум 7 нафар ҷон бохта, дастикам 4 тани дигар ҷароҳат бардоштанд. Лозим ба зикр аст, ки аз ин 5 садама 3 садамааш дар Исфара рух дода, 5 тан аз қурбониёни ин ҳодисаҳои нохуш сокинони Исфара мебошанд.

Роҳҳои Тоҷикистон аз лиҳози садамаҳо роҳҳои хатарнок ба шумор мераванд. Дар умум ҳар сол бар асари садамаҳо дар роҳҳои ҷумҳурӣ садҳо нафар ҳалок ё маҷруҳ мешаванд. Аз ҷумла соли 2020 бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон 375 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 1200 нафар маъюб шудаанд. Бино ба охирин омори расмӣ, дар 9 моҳи аввали соли 2021 дар 787 садама дар роҳҳои Тоҷикистон 290 нафар ҳалок ва 869 нафар маҷруҳ шудаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button