ВидеоНомаҳо ба президентРӯйдодҳои Бадахшон

ВИДЕО: СОКИНОНИ ХОРУҒРО ШАБОНА АФРОДИ СИЛОҲБАДАСТ МАНЪ КАРДААНД

Дар як видеое, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шудааст ва як нусхааш ба дасти идораи пойгоҳи хабарии “Бомдод” низ расид, дида мешавад, ки як корманди мусаллаҳи мақомот шабона мили автоматашро ба тарафи раҳгузарон карда, онҳоро таҳдиди паррондан мекунад.

Ба гуфтаи манобеи “Бомдод”, ҳодиса шаби 15 январ дар шаҳри Хоруғ, маркази маъмурии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон рӯй додааст.

Яке аз ҳамсуҳбатони “Бомдод” аз Хоруғ ҳодисаро чунин нақл кард: “Хоруғ шаҳри хурд аст ва нақлиёти ҷамъиятиаш асосан маршруткаҳоянд, ки шабона ба сабаби кам будани муштарӣ кор намекунанд. Аз ин рӯ, сокиноне, ки мошин надоранд, маҷбур мешаванд аз як гӯшаи шаҳр ба дигараш пои пиёда бираванд. Шаби 15 январ як гуруҳи сокинон аз бемористон бармегаштанд, ки дар роҳ онҳоро кормандони мақомот манъ мекунанд ва яке аз онҳо мили автоматашро ба тарафи ин раҳгузарон мекунад.”

Дар видео дида мешавад, ки хушбахтона, як шарики дигари ин корманди мусаллаҳ ақли солим нишон дода, ҳамкори силоҳбадасташро маҷбур мекунад, ки ба мошин бишинад ва раҳгузарони бахашмомадаро бо суханони мулоим ва муаддабона ором мекунад. Раҳгузарон ба ӯ мефаҳмонанд, ки аз беморхона баргашта истодаанд ва ба хонаи худ раҳсипор буданд.

Дар ин ҳангом он силоҳбадасти аввал дубора аз мошин фаромада, боз мили автоматашро ба тарафи он гуруҳи раҳгузарон мекунад. Вале ҳамкори ӯ мардумро боз ором ва бо мулоиматӣ аз онҷо гусел мекунад.

Бархе менависанд, ба эҳтимоли зиёд, ин нафари силоҳбадаст, ки ба мардум таҳдид мекард, маст буд.

Маст будан ё набудани ӯро ташхис кардан шояд дигар имкон надорад, вале ин видео ба сурати умум то чӣ андоза осебпазир будани вазъ дар Хоруғро намоиш медиҳад. Тавре мебинем, ҳар як қадами ноҷо ва таҳрикдиҳанда дар инҷо метавонад барои нооромиҳои нав замина гузорад.

Аз тарафи дигар, ин сабт нишон медиҳад, ки кормандони мақомоти вижа, ки аз тирамоҳи соли 2018, инак қариб сеюним сол боз дар як шароити фавқулода дар Хоруғ ва атрофи он қарор доранд, низ дар як ҳолати асабонии шадид қарор гирифтаанд ва ба эҳтимоли ғолиб ба кумаки равоншиносони ҳирфаӣ ниёз пайдо кардаанд. Яқин аст, ки ҳаяҷони муддати тӯлонии хидмат дар шароити фавқулодда ба асабҳои ҳатто оҳанин бетаъсир намемонад ва метавонад мунҷар ба ҳодисаҳои фавқулодда шавад. Бахусус вақте сухан дар бораи афроди силоҳбадаст меравад.

Қарори маълум, шумори зиёде аз нирӯҳои вижаи мақомоти қудратии Тоҷикистон, аз ҷумла ОМОН ва “Алфа” муддати зиёде боз дар Бадахшон қарор доранд. Ду сол пеш ҳукумати вилояти Бадахшон ҳатто расман хабар дода буд, ки сарбозони гуруҳи “Алфа”ро, ки маъмурият ва вазифаашон дар асл мубориза бо терроризм аст, аз бекорӣ дар Бадахшон ба … шикори гургон дар кӯҳҳои ноҳияҳои атрофи Хоруғ сафарбар кардаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button