ВидеоМинтақа ва ҷаҳонСиёсатЧеҳраҳо

АВВАЛИН ПАЁМИ НАЗАРБОЕВ БАЪДИ ЭЪТИРОЗҲОИ ХУНИН: ДАВЛАТИ ПИРӢ МЕРОНАМ… (ВИДЕО)

Раисиҷумҳури қаблии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев, ки аз замони шурӯи эътирозҳои хунин дар кишвараш дар тӯли тақрибан се ҳафтаи охир ягон бор дар маҳзари ом зоҳир нашуда буд, рӯзи 18 январ бори аввал бо як паёми видеоӣ ба мардум муроҷиат кард. Назарбоев ҳаводиси ахирро ҳамла ба якпорчагии Қазоқистон номид ва вуҷуди кадом муноқиша байни доираҳои ҳоким дар кишварро рад кард ва гуфт, тамоми қудрат дар дасти президенти кунунӣ Қосим-Жомарт Тоқаев буда, худи ӯ аз соли 2019 ба  ин тараф нафақахӯр аст ва “дар пойтахти Қазоқистон давлати пирӣ ронда истодааст” ва ба ягон ҷо нарафтааст.

Назарбоев гуфт, Тоқаев ахиран ба раҳбарии Шӯрои амният нишаст ва ба зудӣ роҳбарии ҳизби ҳоким Нур Отанро низ ба дӯш мегирад. Аммо ҷараёни ҳаводис, аз ҷумла барканории якбора се домоди Назарбоев ва ҷиянаш Самат Абиш баёнгари он аст, ки воқеияти ҳол чандон ба гунае нест, ки президенти якуми Қазоқистон мехоҳад тасвир бикунад.

 “Дар посух ба муроҷиатҳои зиёд ба номи ман ва дар робита ба матлабҳои нашршуда дар матбуот хабар медиҳам, ки ман соли 2019 салоҳиятҳои президентро ба Қосим -Жомарт Тоқаев супурдам ва аз он дам ба баъд нафақахӯрам ва дар ҳоли ҳозир дар пойтахти Қазоқистон давлати пирӣ меронам ва ба ягон ҷо нарафтаам”, — гуфт Назарбоев дар муроҷиатномае, ки сабти видеоии он рӯзи 18 январ тавассути сухангӯи ӯ нашр шуд.

Сарусадоҳо дар бораи ихтилофу муноқиша байни доираҳои ҳокими Қазоқистонро Назарбоев “комилан беасос” номид ва гуфт: “Президент Косим-Жомарт Тоқаев тамоми қудратро дар даст дорад. Ӯ раҳбари Шӯрои амният аст.” Вай афзуд, ки Тоқаев ба зудӣ роҳбарии ҳизби ҳокими Нур Отанро, ки то кунун ба он худи Назарбоев роҳбарӣ мекунад, ба дӯш хоҳад гирифт.

Эътирозҳои даҳаи аввали моҳи январро, ки ба хунрезии зиёд овард, Назарбоев “ҳамла ба зидди Қазоқистон” ва ҳадафи онро “аз байни бурдани якпорчагии кишвар” номид. Назарбоев дар ин бора, ки оё кадом нирӯҳо дар пушти он ҳодисаҳо истода буданд, ягон ҷузъиёт надод ва танҳо гуфт: “Фоҷиае, ки рух дод, барои ҳамаи мо сабақ шуд. Муайян кардани онҳое, ки ин ҳама ҳамлаҳову одамкушиҳоро ташкил кард, муҳим аст.”

Вале ҳарчанд ки Назарбоеви 81-сола кӯшиш мекард худро орому хунсард нишон диҳад, вале ҷараёни ҳодисот нишон медиҳад, ки талотуми таҳаввулот дигар ба гунае нест, ки раҳбари собиқи Қазоқистон мехоҳад тасвир ё тасаввур кунад. Тавре ба назар мерасад, иваз шудани самту сӯро худи ӯ ҳам дарк мекунад, чунки Назарбоев дар суханрониаш, ҳамон тавре ки Тоқаев дар баёнияҳои ахираш мекунад, низ аз бурдани номи пойтахт, ки расман ба шарафи ӯ Нур –Султон номаш кардаанд, худдорӣ кард ва танҳо ибораи “пойтахти Қазоқистон”-ро ба забон овард.

Дар ҷараёни эътирозҳо як шиори асосии мардум “Шал, кет!” (“Мӯсафед, бирав!”) буд, ки манзурашон комилан аз қудрат рафтани Назарбоев буд. Дар он рӯзо эътирозгарон ба гардани ҳайкали Назарбоев дар шаҳри ТалдиҚӯрғон сим баста, онро аз бех канданд.

Ҳамчунин, сарвазири собиқ Карим Масимов, ки солҳои охир раиси Кумитаи амнияти миллӣ буд ва аз ёрони наздики Назарбоев ба шумор меравад, бо ду муовинаш бо иттиҳоми сангини хиёнат ба давлат ва кӯшиши ғасби базӯрии ҳукумат ба ҳабс гирифта шуда, ҷияни худи Назарбоев Самат Абиш, ки муовини аввали раиси Кумитаи амнияти миллӣ ва “чашму гӯши Назарбоев” дар мақомоти қудратии Қазоқистон буд, рӯзи 17 январ бо амри Тоқаев аз вазифа озод карда шуд. Ҳамин тавр, дар 4 рӯзи охир ҳамаи се домоди Назарбоев: Димаш Косанов, Кайрат Шарипбаев ва Тимур Қулибоев, ки бо беш аз 3 миллиард доллар дороии худашу 3 миллиард доллар дороии занаш Динора аз сарватмандтарин миллиардерҳои Қазоқистон дониста мешуданд, аз мақомҳои раҳбарии ширкатҳои “Қазоқгаз”, “Қазтрансойл” ва Палатаи миллии соҳибкорон “пеш аз муҳлат” ва гӯё “бо хоҳиши худашон” барканор карда шуданд.

Нурсултон Назарбоев, ки аз соли 1989 бар Қазоқистон раҳбарӣ мекард, моҳи марти соли 2019 расман мақоми президентиашро ба Тоқаев супурд, вале аз паси парда ҳамчун “Елбасӣ” (“Пешвои миллат”), раиси Шӯрои амният ва раҳбари ҳизби ҳоким ҳамчунон умури раёсати кишварро дар дастони худ нигоҳ дошта, Тоқаевро амалан ба як навъ президенти намоишӣ табдил дода буд.

Вале нозирони умур бар инанд, ки эътирозҳои ахир нуқтаи оғози поёни даврони Нурсултон Назарбоев дар Қазоқистон шуд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button