ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

СОКИНИ СОЛХӮРДАИ ВАҲДАТ ЯК СОКИНИ КӮЛОБРО ДАР ПОЙТАХТ КОРД ЗАДААСТ

Сокини  51-солаи шаҳри Ваҳдат  ба он гумонбар мешавад, ки шоми 14 январ, тахминан соати 17:00 дар ҳудуди пойтахт  бо сокини 37-солаи шаҳри Кӯлоб ҷанҷол карда, вайро як корд задааст. Дар натиҷа, ҷабрдида бо ҷароҳати вазнин дар беморхона бистарӣ гардидааст.
хххххххххххх

Сокини 23-солаи ноҳияи Рӯдакӣ ба он гумонбар мешавад, ки рӯзи 14 январ аз хонаи зани 37-солаи сокини пойтахт ҷавоҳироти гуногуни тиллоиро ба маблағи 12 ҳазор сомонӣ дуздидааст.

хххххххххххх

Сокини 40-солаи қаблан судшудаи ноҳияи Рӯдакӣ ба он гумонбар мешавад, ки рӯзи 26 декабр аз дохили мошини КАМАЗ дар ноҳияи Шоҳмансур ду аккумуляторро дуздидааст.

Аз навори хабарҳои рӯзи 17 январи маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон

Ошкор гардидани ҷинояти авбошӣ

004

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур бо ариза марди 37-солаи сокини шаҳри Кӯлоб муроҷиат намудааст, ки 14-уми январи 2022, тахминан соати 17:00 дар ҳудуди пойтахт бо марди 51-солаи сокини шаҳри Ваҳдат ҷангу ҷанҷол карда, номбурда ӯро бо корд 1-маротиба ба баданаш задааст.
Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Оид ба ҳолати мазкур тафтишот идома дорад.

Ошкор гардидани ҳолатҳои дуздӣ

015

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 23-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Номбурда 14-уми январи соли 2022 бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматии зани 37-солаи сокини пойтахт даромада, аз он ҷо ҷавоҳироти гуногуни тиллоиро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Зарари расонидашуда 12 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ҳамзамон ба ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур бо ариза марди 34-солаи сокини пойтахт муроҷиат намудааст, ки 26-уми декабри соли 2021, тахминан соати 11:00 шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз дохили автомашинаи шахсиаш тамғаи “КАМАЗ”, ки дар назди бинои истиқоматиаш беназорат меистод, 2-адад аккумулятори автомашинаро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Зарари расонидашуда 3 ҳазору 300 сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 40-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ, ки пеш бо моддаҳои 200 ва 201 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти зикргардида дастгир карда шуд.
Вобаста ба ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button