ВидеоКоррупсияНомаҳо ба президент

КОРМАНДИ ДОНИШГОҲИ МИЛЛӢ 2500 ДОЛЛАР ПОРА ГИРИФТ ВА … АФВ ШУД

Агентии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон рӯзи 17 январ хабар дод, ки парвандаи ҷиноятии Эгамов Даврон Абдуҳабибович, сармутахассиси шуъбаи бақайдгирӣ ва низоми таҳсилоти кредитӣ дар Раёсати таълими Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро, ки ба гирифтани 2500 доллар пора айбдор мешуд, бар асоси қонуни афв қатъ кардаанд.

Бино ба иттилои агентӣ, Даврон Эгамов “бо мақсади ба даст овардани даромади муфту безаҳмат бо роҳи фиреб ва истифодаи мақоми хизматиаш аз шаҳрванд “А” барои дохил намуданаш ба шуъбаи ғоибонаи факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон маблағи 2500 доллари ИМА-ро талаб намудааст.”

Дар натиҷаи гузаронидани амалиёти оперативӣ-тафтишотӣ Даврон Эгамов баъди аз шаҳрванд “А” гирифтани маблағи 2500 доллар дар ҷойи ҳодиса боздошт карда шуда, маблағҳои мазкур ҳамчун далели шайъӣ аз ӯ дарёфт ва гирифта шуд.

   Дар робита ба ин ҳолат нисбат ба Эгамов Даврон бар асоси моддаи 247, қисми 3, банди “а” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо иттиҳоми қаллобӣ парвандаи ҷиноятӣ кушода буданд. Ба ӯ бар асоси  ин банди қонун ҷарима ваё аз 5 то 8 соли зиндон таҳдид мекард. Вале бино ба гузориши маркази матбуоти агентии мубориза бо коррупсия, “бинобар татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» парвандаи ҷиноятӣ нисбати номбурда бо дастрасии талаботи моддаи 27 қисми 1 сархати 4 КМҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон қатъ карда шуд.

Вақтҳои охир дар Тоҷикистон мавридҳои ҳамчун қаллобӣ ҷамъу баст кардани парвандаҳои мансабдороне, ки ҳангоми гирифтани пора ба даст меафтанд, хеле зиёд шудааст. Дар натиҷа, мансабдорони порахӯр бо моддаи сабуктари 247 ҳадди аксар бо ягон ҷаримаи рамзӣ аз ҷавобгарӣ халос мешаванд, ваё мисли ин корманди Донишгоҳи миллӣ,  парвандаашонро ба қонуни афв “тӯғрӣ” мекунанд.

Коршиносон бар инанд, ки бо чунин шеваи  муборизаи “раҳмдилона” ҳукумати Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ наметавонад бар коррупсия, ки рушди кишварро фалаҷ кардааст, ғолиб биояд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button