ВидеоҲодиса

ҲАЛОКАТИ ЯК МУСОФИР ДАР ИСФАРА БАР АСАРИ БАРХӮРДИ “ТОЙОТА” БО ДУ МОШИНИ БОРКАШ

15-уми январи соли 2022, тахминан соати 19:20-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Тойота-Кемри», Муъминов Муҳиб Юлдошевич, соли таваллудаш 1980, сокини шаҳри Исфара, ҳангоми ҳаракат дар километри 8-уми роҳи “Исфара-Кӯчкак” аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба қафои автомашинаи тамғаи «КАМАЗ», ки таҳти идораи ронанда, Охунов Мирзосолиҳ Мирзодавлатович, соли таваллудаш 1985, сокини шаҳри Хуҷанд қарор доштааст, бархӯрдаааст. Баъдан мошини “Тойота” бо қисмати қафои худ ба самти муқобили ҳаракат баромада, дар ин ҳолат ба автомашинаи тамғаи «Дулан», ки таҳти идораи ронанда Қаюмов Алишер Зафарҷонович, соли таваллудаш 1987, сокини шаҳри Исфара, бо роҳи худ ҳаракат мекард, бархӯрдааст.

Дар натиҷа, мусофири автомашинаи тамғаи «Тойота-Кемри», Почоев Зафар Раҳматович, соли таваллудаш 1984, сокини ҳамин шаҳр ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Ронандаи автомашинаи тамғаи “Тойота-Кемри” Муъминов М.Ю. бошад ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Оид ба ҳолати мазкур таҳқиқот идома дорад.

Ҳар сол бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон то 400 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 1200 тани дигар маъюб мешаванд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button