ВидеоМуҳоҷирон

БОЗДОШТИ ЯК ЗАНИ 32-СОЛАИ ТОҶИК ДАР ФУРУДГОҲИ ОДЕССА

Хадамоти давлатии марзбонии Украина рӯзи 16 январ бо нашри як акс дар саҳифаи расмиаш дар Фейсбук хабар дод, ки як зани 32-солаи сокини Тоҷикистонро дар фурудгоҳи шаҳри Одессаи Украина бо иттиҳоми узвият дар гуруҳи террористӣ дастгир кардаанд.

“Ҳангоми тафтиш нозир дидааст, ки исми ин зан дар рӯйхатти Интерпол аст. Занро даррав дастгир карданд. Мархбонони маълум карданд, ки ӯ барои узвият дар гуруҳи террористӣ дар ҷустуҷӯ қарор дорад!!! Дар ин бора дафтари украинии Интерполро дар Киев хабар карда, дастгиршударо ба кормандони Пулиси миллӣ супурданд”, – гуфта мешавад дар иттилоияи Хадамоти давлатии марзбонии Украина.

Исми зани дастгиршуда ва ҷузъиёти иттиҳомоти зидди ӯ эълоншуда нашр нашудааст. Танҳо гуфта мешавад, ки ӯ узви кадом як гуруҳи террористӣ будааст. Ҳоло масъалаи истирдоди ӯ дар дасти баррасӣ қарор дорад.

Вақтҳои охир шаҳрвандони тоҷике, ки таҳти ҷустуҷӯ қарор доранд, аз ҷумла тарафдорони ҳизбу ҳаракатҳои оппозитсионӣ дар ҷустуҷӯи паноҳгоҳ дар Аврупо аз қаламрави Украина зиёд истифода мебаранд. Вале шуморе аз онҳое ҳам, ки дар вақташ ба Ховари Миёна рафта, ба саффи ДОИШ ва дигар гуруҳҳои тундрав пайвастанд ва ҳоло, баъди торумори он гуруҳҳо дар ҷустуҷӯи паноҳгоҳи амн уфтодаанд, талош мекунанд, ки тавассути қаламрави Украина ба Ғарб роҳ биёбанд.

Дар ҳафтаи гузашта ин алакай дуюмин мавриди бо иттиҳоми ҳамкорӣ бо гуруҳҳои террористӣ дар хориҷ дастгир шудани занони зодаи Тоҷикистон аст.

Тавре қаблан хабар додем, як зани 43-сола аз Тоҷикистон дар шаҳри Қазон, пойтахти ҷумҳурии Тотористони Русия бо иттиҳоми ҷалби ҷангҷӯён ба саффи гуруҳҳои террористӣ дастгир шудааст. Нашрияи маҳаллии “Бизнес Онлайн”  бо истинод ба хадамоти матбуоти додгоҳи ноҳияи Воҳидов (Вахитов)-и шаҳри Қазон хабар дод, ки ин додгоҳ рӯзи 14 январ зани тоҷикистониро ба ҳабс гирифтааст.

 “Ин зан дар ҷустуҷӯ қарор дошт ва дар Қазон дастгир шуд. Тафтишот аз додгоҳ хост, ки ӯро ба ҳабс гиранд ва додгоҳ ҳукми ҳабси ӯро барои як моҳ содир кард. Ба эҳтимоли ғолиб, ин занро ба зудӣ ба Ватанаш истирдод мекунанд”, – маълумоти муфассалтар додааст нашрияи дигари маҳаллии “Татар-Информ”.

Бино ба иттилои додгоҳи ноҳияи Воҳидов, ин зан, ки феълан дар Қазон ба сар мебурд, бар асоси дархости мақомоти Тоҷикистон дастгир шудааст. Нисбат ба ӯ дар Тоҷикистон бар асоси моддаи 401, иловаи 1 Кодекси ҷиноятии ин ҷумҳурӣ бо иттиҳоми ҷалби ғайриқонунии шаҳрвандон барои иштирок дар воҳиди мусаллаҳ, задухӯрди мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ дар ҳудуди дигар давлатҳо парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд. Тафсилоти парвандаи ин зан ва ному насаби ӯ дастрас нест, вале бар асоси моддаи 401, иловаи 1 ба ӯ дар Тоҷикистон ҷазои аз 12 то 20 соли зиндон таҳдид мекунад.

Моддаи  401, иловаи 1 ба Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон баъди он илова карда шуд, ки дар байни солҳои 2014-2016 беш аз 2 ҳазор шаҳрвандони ин кишвар ва бархе ҳатто хонахез, яъне ҳамроҳ бо зану фарзандон ва ҳатто падару модарашон ба Ховари Миёна, ба сарзаминҳои он вақт таҳти назорати созмони террористии ДОИШ рафта, ба саффи ин ва дигар гуруҳҳои ҷангҷӯ пайвастанд.

Имрӯз ҳам садҳо шаҳрванди Тоҷикистон, аз ҷумла даҳҳо зан бо иттиҳоми иштирок дар ҷангҳо дар кишварҳои хориҷӣ ваё ҷалби дигарон ба саффи гуруҳҳои ҷангҷӯ дар ҷустуҷӯ қарор доранд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button