ВидеоИқтисодХабарҳои кӯтоҳ

РОҲИ ДУШАНБЕ – ХУҶАНД АЗ КИЛОМЕТРҲОИ 39 ВА 81 БАСТА ШУД

Ширкати IRS, масъули нигоҳубин ва пулчинӣ дар шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд – Чаноқ, ягона роҳи заминии байни шимол ва маркази Тоҷикистон, субҳи 16 январ хабар дод, ки “бино бар тармафароии зиёд дар километрҳои 48 то 73- юми роҳи ДушанбеЧанок, ҳаракати тамоми намуди нақлиёт аз километри 39 – самти ДушанбеХуҷанд ва аз километри 81, ҷониби ХуҷандДушанбе муваққатан манъ карда шуд.

Ширкат гуфт, дар ин байн кормандонаш тармаҳоро бартараф, роҳро аз барф тоза ва бо маводи зиддилағжиш коркард намуда истодаанд.

“Вобаста ба кушода шудани роҳ иловатан маълумот медиҳем”, – ваъда додааст IRS.

Маркази обуҳавосанҷии Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон аз қабл ҳушдор дода буд, ки аз 15 то 20 январ дар водиҳои ин кишвар боридани борон ва аз 17 то1 9 январ дар ноҳияҳои кӯҳистон ва баландкӯҳ боридану барфу борон пешбинӣ шуда, дар баъзе ҳолатҳо барфрезиҳои шадид низ пешбинӣ шудааст.

Муовини сардори Маркази обуҳавосанҷии Агентии обуҳавошиносии мамлакат  Парвина Саидҷамолова ҳамчунин хабар дод, ки аз 15 то 20 январ дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии тобеи ҷумҳурӣ (НТҶ) ва ғарби ВМКБ фаромадани тарма дар назар аст. Дар баъзе ноҳияҳои мамлакат Аз 16 то 19 январ, фаромадани тармеғ (туман) низ пешбинӣ карда мешавад. Ва дар ағбаҳо дурии биниш то 400 метр камтар дар назар дошта мешавад.

Ба гуфтаи Парвина Саидҷамолова, дар қитъаҳои шоҳроҳои нақлиётгарди Душанбе-Чаноқ, Душанбе-Лахш, Душанбе-Рашт, Душанбе-Сангвор, Шамсиддин Шоҳин, Дарвоз, Ванҷ, Хоруғ, Хоруғ-Ишкошим, Мурғоб яхбандӣ ва дар баъзе қитъаҳо тармафароӣ аз эҳтимол дур нест.

Дар ин робита Агентии обуҳавошиносӣ аз сокинон ва меҳмонони пойтахт  хоста буд, ки дар ин рӯзҳо аз сафар худдорӣ намоянд.

Аз  ронандагон ҳам хоста шуааст, ки воситаҳои нақлиёташонро  барои ҳаракат дар шароити барфу яхбандӣ бо таҷҳизоти зарурӣ муҷҷаҳаз  гардонида,  ҳангоми ҳаракат дар роҳҳо, бахусус дар  манотиқи тармафаро фосилаи байни мошинҳоро қатъиян риоя намоянд.

Шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд – Чаноқ ягона роҳи заминист, ки вилояти Суғд дар шимоли Тоҷикистонро бо қисматҳои боқимондаи ин ҷумҳурӣ, аз ҷумла бо пойтахташ, шаҳри Душанбе мепайвандад. То сохта шудани нақби “Истиқлол” дар ин шоҳроҳ ягона роҳи байни шимол ва маркази Тоҷикистон аз тариқи ағбаи Анзоб буд, ки дар зимистон баста мешуд.

Шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд – Чаноқ бо наздики 300 миллион доллар қарзи Хитой навсозӣ шуда, аз соли 2009 масъулияти нигоҳубин ва пулчиниаш ба ширкати IRS вогузор карда шуд. Дар ҳоли ҳозир ин ягона роҳи пулакӣ дар Тоҷикистон аст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button