ВидеоДин ва боварҳоМуҳоҷирон

ЯК ЗАНИ ТОҶИК БА ҶАЛБИ ҶАНГҶӮЁН БА САФФИ ГУРУҲҲОИ ИФРОТӢ АЙБДОР МЕШАВАД

Як зани 43-сола аз Тоҷикистон дар шаҳри Қазон, пойтахти ҷумҳурии Тотористони Русия бо иттиҳоми ҷалби ҷангҷӯён ба саффи гуруҳҳои террористӣ дастгир шудааст. Нашрияи маҳаллии “Бизнес Онлайн”  бо истинод ба хадамоти матбуоти додгоҳи ноҳияи Воҳидов (Вахитов)-и шаҳри Қазон хабар дод, ки ин додгоҳ рӯзи 14 январ зани тоҷикистониро ба ҳабс гирифтааст.

 “Ин зан дар ҷустуҷӯ қарор дошт ва дар Қазон дастгир шуд. Тафтишот аз додгоҳ хост, ки ӯро ба ҳабс гиранд ва додгоҳ ҳукми ҳабси ӯро барои як моҳ содир кард. Ба эҳтимоли ғолиб, ин занро ба зудӣ ба Ватанаш истирдод мекунанд”, – маълумоти муфассалтар додааст нашрияи дигари маҳаллаии “Татар-Информ”.

Бино ба иттилои додгоҳи ноҳияи Воҳидов, ин зан, ки феълан дар Қазон ба сар мебурд, бар асоси дархости мақомоти Тоҷикистон дастгир шудааст. Нисбат ба ӯ дар Тоҷикистон бар асоси моддаи 401, иловаи 1 Кодекси ҷиноятии ин ҷумҳурӣ бо иттиҳоми ҷалби ғайриқонунии шаҳрвандон барои иштирок дар воҳиди мусаллаҳ, задухӯрди мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ дар ҳудуди дигар давлатҳо парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд. Тафсилоти парвандаи ин зан ва ному насаби ӯ дастрас нест, вале бар асоси моддаи 401, иловаи 1 ба ӯ дар Тоҷикистон ҷазои аз 12 то 20 соли зиндон таҳдид мекунад.

Моддаи  401, иловаи 1 ба Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон баъди он илова карда шуд, ки дар байни солҳои 2014-2016 беш аз 2 ҳазор шаҳрвандони ин кишвар ва бархе ҳатто хонахез, яъне ҳамроҳ бо зану фарзандон ва ҳатто падару модарашон ба Ховари Миёна, ба сарзаминҳои он вақт таҳти назорати созмони террористии ДОИШ рафта, ба саффи ин ва дигар гуруҳҳои ҷангҷӯ пайвастанд.

Имрӯз ҳам садҳо шаҳрванди Тоҷикистон, аз ҷумла даҳҳо зан бо иттиҳоми иштирок дар ҷангҳо дар кишварҳои хориҷӣ ваё ҷалби дигарон ба саффи гуруҳҳои ҷангҷӯ дар ҷустуҷӯ қарор доранд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button