ВидеоРӯйдодҳои БадахшонТоҷикистон

ВКД: СОКИНИ ХОРУҒ СОДИҚ АМАДБЕКОВ ХУДАШ ИХТИЁРАН БА МАҚОМОТ ҲОЗИР ШУД (ВИДЕО)

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон дар барномаи телевизиониаш “Ахбори ВКД” бархе ҷузъиёти парвандаи Содиқ Амадбеков, раҳбари ҷавонони маҳаллаи Бархоруғ (Хоруғи боло)-и  шаҳри Хоруғро нашр кард.

Қаблан гузориш шуда буд, ки Содиқ Амадбеков, соли таваллудаш 1985, ва Гулаёз Гулаёзов, соли таваллудаш 1992, дар фурудгоҳи Душанбе  баъди бозгашташон аз Туркия дастгир шудаанд. Аммо ВКД мегӯяд, ки Амадбеков худ ихтиёран ба мақомот ҳозир шудааст ва дар иваз хостааст, ки ба ӯ ҷазои сабуктар диҳанд.

Амадбеков ба он муттаҳам мешавад, ки 19 сентябри соли 2020 дар пайи як бозии футбол байни маҳаллаҳои Бархоруғ ва Гулакен, ки бо ҳисоби 2:1 ба фоидаи дастаи Гулакен анҷом ёфт,  дар варзишгоҳ бо Фирӯз Саидиброҳимов, с.т. 1991, сокини кӯчаи Шириншо Шотемур муноқиша кардааст.  Баъди ин баҳс, бино ба фарзияи ВКД, Амадбеков бачаҳои Бархоруғро дар атрофаш ҷамъ карда, бо бачаҳои Гулакен вориди муноқишаи гуруҳӣ шудаанд. Дар ҷараёни занозании байни мухлисони ду даста, ба гуфтаи ВКД, 14 нафар ҷароҳат бардошта, 20 шишаи тирезаи мактаби №2, тирезаҳои хонаҳои 8 сокин,  4 шишаи тирезаи бинои “Амонатбонк”, шишаҳои варзишгоҳи Хоруғ, шишаи даромадгоҳи БДА шаҳри Хоруғро зада шикастаанд.  

Ҳамин тавр, тарафдорони Содиқ Амадбеков ҳаракати нақлиётро дар кӯчаи марказии Хоруғ барои беш аз як соат манъ карда, тирезаҳои  чанд мошинро низ зада шикастаанд.

Худи Содиқ Амадбеков дар гузориши ВКД чунин баёнот медиҳад: “Баъди бозии футбол байни ман ва Фирӯз аз Гулакен нофаҳмӣ шуд.  Мо ҷанг кардем ва даррав аз ду тараф: ҳам бачаҳои Гулакен ва ҳам бачаҳои Бархоруғ издиҳом ҷамъ шуд ва занозанӣ сар шуд дар даруни майдон.  Мо аз майдонча баромадем ва ҳамон ҷо тирезаҳои мактабро зада шикастанд. Оҳиста-оҳиста қафо рафтем, ки гуруҳи зиёдтар ҷамъ шуд, қариб 300 нафар.  Ҷанг дигар то роҳи асосӣ давом кард. Қариб як соат. Дар натиҷа тирезаҳои мардумро шикастанд, тирезаҳои чанд мошинро шикастанд, тирезаи “Амонатбонк” шикаст. Вақте ки мо қафо мерафтем, ба кормандони посгоҳи БДА ҳам санг расид. Ва вақте кормандони мақомоти қудратӣ ҳозир шуданд, мо пароканда шудем.”

Амадбеков мегӯяд, ӯ баъд фаҳмид, ки нисбат ба вай дар робита ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд ва ӯ дар ҷустуҷӯ қарор дорад. Ӯ дар посух ба ин суол, ки чаро худро дар Хоруғ нею дар Душанбе ба мақомот супурд, ҷавоб дод, ки “дар Хоруғ таъсири гуруҳҳои муташаккили ҷиноӣ бо мо хеле зиёд аст. Барои ҳамин, хостем, қазияи худро дар шаҳри Душанбе бигӯем, то ба мо кумак кунанд.”

Боздошти Амадбеков ва Гулаёзов дар пайи эътирозҳои густардаест, ки дар поёни моҳи ноябр дар Хоруғ ба дунболи марги мардуми сокини боздоштшудаи Роштқалъа Гулбуддин Зиёбеков доир шуд. Яке аз иштирокчиёни фаъоли эътирозҳо бачаҳои Бархоруғ буданд.

Пойгоҳи хабарии Pamir Daily News қаблан акси қарори додгоҳи Хоруғ аз 28 ноябри соли 2020ро нашр карда, хабар дода буд, ки Амадбековро дар ҳоле ба ҳабс гирифтаанд, ки ӯро барои он занозании мухлисон алакай 406 сомонӣ ҷарима баста будаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button