ВидеоХабарҳои кӯтоҳҲодиса

ШАБИ СОЛИ НАВ ҲАМА ДАР ПАЙИ ТАҶЛИЛИ ИД БУДУ СОКИНИ КӮШОНИЁН – ДАР ПАЙИ ДУЗДӢ

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки  як сокини 23-солаи ноҳияи Кӯшониён ба он гумонбар мешавад, ки шаби Соли нав, 31 декабр, соати 23:30 пинҳонӣ вориди хонаи зани 34-солаи сокини ноҳияи мазкур шуда, аз дохили ҷузвдон 7 ҳазору 700 сомониро дуздидааст.

Ҳамин ҷавон боз ба он гумонбар мешавад, ки ҳамон шаби Соли нав пинҳонӣ ба хонаи марди 27-солаи сокини ноҳияи Қубодиён даромада, аз дохили ҷузвдон 4 ҳазору 450 сомониро дуздидааст.

Вале дар ин бора, ки ӯ чӣ гуна тавонистааст дар як шаб як хонаро дар Кӯшониён ва хонаи дуюмро дар ноҳияи дури Қубодиён дуздӣ кунад?, чизе гуфта намешавад.

Инчунин сокини 28-солаи ноҳияи Ёвон ба он гумонбар мешавад, ки  бо ариза марди 32-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки шаби 6 ба 7 январ, тахминан соати 00:50, пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиияк сокини Ёвон даромада, як телевизори тамғаи “Самсунг”, як “ДВД”, як тарозуи электронӣ ва як таҷҳизоти барқиро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.

Аз навори хабарҳои рӯзи 15 январи маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон

Дастгир гардидани 2 нафар бо ҷурми дуздӣ

062

Ба ШВКД дар ноҳияи Кӯшониён бо ариза зани 34-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 31-уми декабри соли 2021, тахминан соати 23:30-дақиқа, шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада, аз дохили ҷузвдон 7 ҳазору 700 сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 23-солаи сокини ҳамин ноҳия ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Ҳамзамон ҷавони 23-солаи дар боло зикргардида 31-уми декабри соли 2021 бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи марди 27-солаи сокини ноҳияи Қубодиён даромада, аз дохили ҷузвдон 4 ҳазору 450 сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия номбурда ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷиноятҳои дуздӣ муайян ва дастгир карда шуд.
Инчунин ба ШВКД дар ноҳияи Ёвон бо ариза марди 32-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки шаби 6 ба 7-уми январи соли 2022, тахминан соати 00:50-дақиқа, шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматии бародараш, даромада, аз он ҷо 1-адад телевизори тамғаи “Самсунг”, 1-адад “ДВД”, 1-адад тарозуи электронӣ ва 1-адад таҷҳизоти барқиро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Зарари расонидашуда 3 ҳазору 550 сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 28-солаи сокини ҳамин ноҳия, ки пеш бо моддаи 200 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Оид ба ҳолатҳои мазкур тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button