ВидеоРӯйдодҳои БадахшонҲуқуқи инсон

МУРОҶИАТИ “МЕМОРИАЛ” БА СОЗМОНИ МИЛАЛ ДАР МАСЪАЛАИ ВАЗЪИ БАДАХШОН

Маркази зидди табъизи “Мемориал” (Анти-дискриминационный центр «Мемориал»), як созмони ҳомии ҳуқуқ, марказаш дар Брюссел, ки ба ҳимдар як муроҷиатнома таваҷҷуҳи сохторҳои Шӯрои ҳуқуқи инсони Созмони Милали Муттаҳидро ба мавридҳои поймол шудани ҳуқуқи сокини Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Тоҷикистон ҷалб кардааст.

“Мемориал” помириҳоро “ақалияти қавмию мазҳабӣ” номида, ба Созмони Милал хабар додааст, ки моҳи ноябри соли 2021 дар ВМКБ, ки аксари аҳолиашро помириҳо ташкил медиҳанд, ба зидди амалҳои худсаронаи мақомоти қудратӣ ва аз муколама бо мардум рӯ тофтани ҳукумат эътирозҳои густарда доир шуданд.

 “Вокуниши мақомот қатъи интернет ва  алоқаи мобил, тақвияти ҳузури ҳарбиён дар минтақа, бастани роҳҳо ва тақвияти блокпостҳо, мақолаҳои пропагандистӣ дар матбуот шуд. Қатъи алоқа ба зиндагӣ дар ВМКБ таъсири шадидан манфӣ мерасонад. Афроди алоҳида ва ширктаҳо наметавонанд пардозтҳои худро анҷом диҳанд, аз банкоматҳо пули нақд бигиранд, ҳисоботи худро ба мақомоти андоз ва идораҳои дигари давлатӣ бифиристанд.  Қатъи алоқами мобил дар минтақаи шароити зиндагиаш хеле сахт (баландкӯҳ, фасли сармо, дурӣ аз нуқтаҳои ироаи ёрии тиббӣ) дар замони пандемияи коронавирус ба ҳуқуқи бунёдии сокинони ВМКБ таҳдид мекунад. Мояи нигаронии вижа поймол шудани ҳуқуқи таҳсил ба сабаби қатъи алоқа шудааст”, – гуфта мешавад дар муроҷиатномаи «Мемориал».

Ҳомиёни ҳуқуқ менависанд, “истифодаи беш аз ҳадди чораҳои фавқулодда риски муноқишаҳоеро ба вуҷуд меорад, ки дар сурати дасткорӣ (манипулятсия) метавонад ба муноқишаи байни қавмҳо табдил биёбад.” Ба ин далел, ба эътиқоди онҳо, “вазъи ВМКБ вокуниши ниҳодҳои байналмилалиро талаб мекунад, мақомоти кишвар бошад бояд ба дастгирии иқтисодӣ ва фарҳангии ин минтақа тамаркуз карда, аз чораҳои таъқиботӣ парҳез кунанд ва ба табъиз ва вайрон кардани қонуният роҳ надиҳанд.”

 «Мемориал» меафзояд, ҳаводиси ахири Қазоқистон, ки эътирозҳои мардум ба хушунат печид ва ба ин кишвар ҳатто ОДКБ аз берун нерӯ ворд кард, ин рискҳоро боз ҳам доғтар мекунад.

 “Вазъи ВМКБ ба вокуниши сохторҳои ҳимоят аз ҳуқуқи инсони Созмони Милал зарурат дорад. Мақомоти Тоҷикистон бояд билофосила алоқаи мобилро барқарор ва дастрасии босифат ба интернетро дар ҳама ноҳияҳои Бадахшон таъмин кунанд. Дар ин бобат бояд ба таъмини ҳуқуқ ба таҳсил ва ёрии тиббӣ аҳамияти вижа дода шавад. Бояд муколамаи муассир байни мақомот ва аҳолӣ ба роҳ андоxта шуда, таҳқиқи шаффоф, муассир ва зуди мавридҳои ҳалокати одамон дар ҷараёни амалиёти қудратӣ ва эътирозҳо таъмин карда шавад”,  – гуфта мешавад дар анҷоми муроҷиатномаи Маркази зидди табъизи «Мемориал».

Мақомоти Тоҷикистон ва ВМКБ ба ин муроҷиатномаи «Мемориал» ба сохторҳои Шӯрои ҳуқуқи инсони Созмони Милал то ҳол вокунише накардаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button