ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ҲАВОШИНОСОН: АЗ 15 ТО 20 ЯНВАР ДАР ТОҶИКИСТОН БАРФУ БОРОН ПЕШБИНӢ МЕШАВАД

Аз 15 то 20 январи соли равон дар водиҳо боридани борон, аз  17 то 19 январ дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва баландкӯҳ боридани борону барф пешбинӣ шуда, дар баъзе ҳолатҳо бориши бошидати  барф дар назар аст. Инчунин аз 16 то 19 январ дар баъзе ноҳияҳо тормеғ (туман) мефарояд.

Муовини сардори Маркази обуҳавосанҷии Агентии обуҳавошиносии мамлакат  Парвина Саидҷамолова дар суҳбат бо хабаргузории “Ховар” ҳамчунин хабар дод, ки аз 15 то 20 январ дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии тобеи ҷумҳурӣ (НТҶ) ва ғарби ВМКБ фаромадани тарма дар назар аст. Дар баъзе ноҳияҳои мамлакат туман мефарояд. Дар ағбаҳо дурии биниш то 400 метр камтар дар назар дошта мешавад.

Ба гуфти Парвина Саидҷамолова, дар қитъаҳои шоҳроҳои нақлиётгарди Душанбе-Чаноқ, Душанбе-Лахш, Душанбе-Рашт, Душанбе-Сангвор, Шамсиддин Шоҳин, Дарвоз, Ванҷ, Хоруғ, Хоруғ-Ишкошим, Мурғоб яхбандӣ ва дар баъзе қитъаҳо тармафароӣ аз эҳтимол дур нест.

Дар ин робита Агенти обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз сокинон ва меҳмонони пойтахт  хостааст, ки дар ин рӯзҳо  аз сафар худдорӣ намоянд.

Ба таваҷҷуҳи  ронандагон расонда мешавад, ки воситаҳои нақлиёташонро  барои ҳаракат дар шароити барфу яхбандӣ бо таҷҳизоти зарурӣ муҷҷаҳаз  гардонида,  ҳангоми ҳаракат дар роҳҳо, бахусус дар  манотиқи тармафаро фосилаи байни мошинҳоро қатъиян риоя намоянд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button