ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ҲАБСИ МАЪМУРИ ИНТЕРНЕТ-КАФЕ БАРОИ РОҲ ДОДАНИ НОБОЛИҒОН

Маркази матбуоти РВКД Душанбе хабар дод, ки дар натиҷаи баргузории рейди навбатӣ ошкор карда шуд, ки дар нуқтаи бозиҳои компютерӣ воқеъ дар кӯчаи Деҳотӣ-40 ноболиғони зиёде машғули бозиҳои зараровари компютерӣ ҳастанд.

“Зимни санҷиш муайян гардид, ки дар маркази компютерии мазкур шаҳрванд Аҳтами Рустам, санаи таваллудаш 10.01.2002, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Деҳотӣ ҳамчун маъмур (администратор) фаъолият намуда, новобаста аз таъкидҳои ҳамешавии мақомот ҷиҳати роҳ надодани ноболиғон, махсусан дар вақти дарсӣ, боз ба хотири ба даст овардани даромад ноболиғонро роҳ додааст”,  – гуфта мешавад дар иттилоияи милитсияи Душанбе.

Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати Аҳтами Рустам протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, нисбаташ бо Қарори Суд ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 5 шабонарӯз татбиқ карда шуд.

РВКД Душанбе мегӯяд, “ба бозиҳои компютерӣ машғул шудани ноболиғон, ки ҷисману рӯҳан хуб инкишоф наёфтаанд, метавонад таъсири манфӣ расонад.”

Тоҷикистон аз ҷумлаи ангуштшумор кишварҳоест, ки бо як қарори зиддунақиз дар соатҳои дарсӣ ва шабона (баъди соати 20) ба интернет-кафе ва марказҳои компютерӣ рафтани нафақат ноболиғон, балки шаҳрвандони то синни 20-ро манъ кардааст. Барои ин волидони наврасону ҷавононро метавонанд ҷарима банданд, вале соҳибону маъмурони интернет-кафеҳоро барои роҳ додани ноболиғону ҷавонони то синни 20 метавонанд ҳатто ба ҳабс бикашонанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button