ВидеоИқтисодМинтақа ва ҷаҳонСиёсат

БАРКАНОРИИ ДУ ДОМОДИ НАЗАРБОЕВ АЗ РОҲБАРИИ ДУ ШИРКАТИ БУЗУРГИ ҚАЗОҚИСТОН

Димаш Досанов ва Кайрат Шарипбаев – ду домоди президенти собиқи Қазоқистон Нурсултон Назарбоевро дар як рӯз аз раоҳбари ду ширкати бузурги соҳаи нафту гази ин кишвар барканор кардаанд. Дар ин бора рӯзи 15 январ сомонаи расмии фонди давлатии «Самрук-Казина», ки умури саҳмияҳои давлат дар корхонаҳои муҳими миллиро дар даст дорад, хабар дод.

 “Бар асоси қарори Шӯрои мудирони ҷамъияти саҳҳомии “Ширкати миллии “Қазоқгаз” аз 14 январи соли 2022 салоҳиятҳои Шарипбаев К.К. дар мақоми раиси раёсати  “Ширкати миллии “Қазоқгаз” бар асоси аризаи додааш пеш аз муҳлат қатъ карда шуданд. Бар асоси қарори Шӯрои мудирони ҷамъияти саҳҳомии “ҚазТрансОйл”  аз 14 январи соли 2022 салоҳиятҳои Досанов Д.Г. дар мақоми мудири кулл (раиси раёсат)-и  ҷамъияти саҳҳомии “ҚазТрансОйл”  бар асоси аризаи додааш пеш аз муҳлат қатъ карда шуданд”, – схабар додааст сомонаи “Самрук-Казына” бо забони хушки протоколӣ.
Ҳарчанд дар бораи издивоҷҳои онҳо расман дар ягон ҷо иттилое нашр нашудааст, вале Димаш Досановро шавҳари духтари хурдии Назарбоев Алия ва Кайрат Шарипбаевро шавҳари духтари калонии ӯ Дориға ном мебаранд. Досанов ва Шарипбаев ҳамсарони дуюми Алия ва Дориғаанд. Алия аввал бо писари президенти собиқи Қирғизистон Аскар Оқоев издивоҷ карда буд, вале никоҳи онҳо дер напоид. Шавҳари якуми Дориға Роҳат Алиев, як нафари дар замонаш хеле пурнуфуз дар Қазоқистон буд, ки баъди гурехтани гапаш бо падарарӯсаш тарки кишвар кард ва чанд сол пеш дар зиндони Вена худро ба дор овехт.

Боз як домоди Назарбоев – шавҳари расмии духтари дуюмаш Диноа Тимур Қулибаев аст, ки дар гузашта роҳбарии умури чанд корхонаи бузурги ин кишвар, аз ҷумла ширкати роҳи оҳан, “Қазмунайгаз” ва “Самрук-Энерго” –ро дар даст дошт. Ба ҳисоби маҷаллаи «Форбс», Қулибоев 3,1 миллиард доллар ва ҳамсараш Динора Назарбоева низ беш аз 3 миллиард дороӣ доранд ва ин оила ҳоло аз сарватмандтарин хонаводаҳо дар Қазоқистон ба шумор меравад.

Хабари барканории ду домоди президенти собиқи Қазоқистон дар ҳолест, ки дар бораи сарнавишти худи Нурсултон Назарбоев маълумоти дақиқе дастрас нест. Ҳарчанд сухангӯяш исрор меварзад, ки Назарбоеви 81-сола дар қароргоҳаш дар шаҳри Нур-Султон аст, вале ӯ баъди 28 декабр ва он ҳам ба далели ҳузураш дар нишасти сарони СНГ дар Петербург, дигар дар маҳзари ом шахсан зоҳир нашудааст.

Ва ин ҳам дар ҳоле, ки бисёриҳо эътирозҳои аввали моҳи январ дар Қазоқистонро оғози поёни даврони Назарбоев мешуморанд. Дар рӯзҳои эътирозҳо мардум ҳайкали Назарбоевро дар шаҳри Талди Қӯрғон чаппа карданд ва президенти кунунӣ Қосим Жомарт Тоқаев яке аз ёрони наздики Назарбоевро аз мақоми раиси Кумитаи амнияти миллӣ барканор карда, ҳамроҳи муовинонаш бо иттиҳоми хиёнат ба давласт ва кӯшиши ғасби ҳукумат ба ҳабс кашид.

Тоқаев ҳоло дар суханрониҳояш кӯшиш мекунад, номи расмии пойтахтро, ки ба шарафи Назарбоев бо ташаббуси худи Тоқаев Нур-Султон номаш карда буданд, ба забон наорад ва ба ҷои он танҳо бо вожаи “пойтахт” ё ибораи “пойтахти кишвар” иктифо мекунад. Ба болои ин, Тоқаев рӯзи 11 январ Назарбоевро гунаҳкор кард, ки дар даврони ӯ “фақат як гуруҳ” сарватманд шуд.

Хабаргузории “Фарғона” чанде пеш хабар дод, ки посбонии атрофи қароргоҳи Назарбоевро дар пойтахти Қазоқистон аз аввалҳои моҳи январ қатъ кардаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button