ВидеоМарзи Тоҷикистону ҚирғизистонМинтақа ва ҷаҳон

МАРГИ МАҲБУСИ 68-СОЛАИ ҚИРҒИЗ ДАР МАҲБАСИ ТОҶИКИСТОН

Худойбердӣ Бекмуродов, сокини 68-солаи вилояти Бодканди Қирғизистон, ки бар асоси моддаи 335 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон бо ҷурми убури ғайриқонунии сарҳад ба 2 соли зиндон маҳкум шуда буд, ҳангоми  адои ҳукм дар маҳбаси №6 вафот кардааст. Иллати марги Бекмуродов ҳанӯз маълум нест ва мақомоти Тоҷикистон ин ҳодисаро то ҳол шарҳ надодаанд. Вале расонаҳои Қирғизистон аз қавли манобеи дипломатӣ хабар доданд, ки ҷанозаи Бекмуродовро барои гӯручӯб аз Тоҷикистон ба Қирғизистон меоранд.

Сафорати Қирғизистон дар Душанбе бо ирсоли як нота ба вазорати хориҷаи Тоҷикистон хостори таҳқиқи фарогири сабабҳои марги шаҳрвандаш дар маҳбаси Тоҷикистон шудааст.

Бо гузашти 30 сол аз суқути СССР, аз 970 км марзи Тоҷикистону Қирғизистон то кунун танҳо каме бештар аз 500 километраш таъйин ва аломатгузорӣ шудааст. Дар қитъаҳои баҳсӣ, ки асосан дар марзи ноҳияҳои Бодканду Лайлаки вилояти Бодканди Қирғизистон бо ҷамоатҳои шаҳри Исфара ва  ноҳияи Ғафурови вилояти Суғди Тоҷикистон ҷойгир шудаанд, ҳар сари чанд вақт бар сари обу замину чарогоҳу роҳ муноқишаҳо рух медиҳанд ва марзбонон сокинони ду тарафи марзро бо иттиҳоми убури ғайриқонунии сарҳад дастгир мекунанд.

Волии вилояти Бодканд Абдукарим Олимбоев  рӯзи 14 январ хабар дод, ки дар ҳоли ҳозир 10 сокини ин вилоят дар Тоҷикистон дар боздошт қарор доранд, вале музокираҳо барои озод кардани онҳо бо кундӣ пеш меравад.

Ҷониби Тоҷикистон низ аз боздошти даҳҳо шаҳрвандаш дар Қирғизистон шикоят мекунад.

Аз ҷумла моҳи апрели соли 2021 дар вилояти Чуйи Қирғизистон 13 сокини Ҳисорро ҳангоми ҷамъоварии шираи камол дастгир карданд. Ба бахти бади онҳо, баъди чанд рӯз дар марзи Бодканду Суғд муноқишаи хунине рӯй дод, ки аз ду тараф 55 кушта ва 240 захмӣ ба ҷо гузошт, ва дигар талошҳо барои озод кардани ин 13 мардикори тоҷик дучори бунбаст шуд.

Хадамоти муқобила бо ифротгароӣ ва муҳоҷирати ғайриқонунии вазорати корҳои дохилии Қирғизистон ахиран хабар дод, ки ин 13 шаҳрванди Тоҷикистон бо қарори додгоҳи  ноҳияи Аломуддини вилояти Чуй бо ҷурми убури ғайриқонунии марз ва фаъолияти ғайриқонунӣ дар қаламрави Қирғизистон маҳкум гардида, ҳукми худро алакай адо кардаанд ва ба дунбол, онҳоро аз Қирғизистон ба Тоҷикистон ихроҷ кардаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button