ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ДАР ДУШАНБЕ РОНАНДАЕРО МЕҶӮЯНД, КИ ПИЁДАГАРДРО ЗАДУ АЗ ҶОИ ҲОДИСА ГУРЕХТ

Дар пойтахт ронандаеро ҷустуҷӯ доранд, ки рӯзи 12 январ, соати 11:30, дар ҳудуди ноҳияи Фирдавсӣ Беҳрӯз Резвонзода, сокини 20-солаи ноҳияи Рӯдакиро пахш карда, ба ҷои ӯро ба беморхона бурдан аз ҷои ҳодиса фирор кардааст.

хххххххххххххх

Як зани 62-солаи ноҳияи Б.Ғафуров шоми 12 январ, соати 18:50 дар роҳи Ғафуров – Хуҷанд дар зери чархи “Опел” ҷон бохтааст.

хххххххххххх

Сокини 23-солаи Турсунзода ба дуздии як сар чорвои калони сокини 61-солаи ҳамин шаҳр дар рӯзи 13 январ ва  сокини 27-солаи Ҳисор ба дуздии 5 ҳазор сомонӣ пули нақд аз дохили мошини “Дулан” дар таърихи 25 декабр гумонбар мешаванд.

Аз навори хабарҳои рӯзи 14 январи маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон

Рух додани садамаи нақлиётӣ ва фирор аз ҷойи ҳодиса

016

12-уми январи соли 2022, тахминан соати 18:50-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», Расулов Фарҳод Нозимҷонович, соли таваллудаш 2000, сокини ноҳияи Б.Ғафуров ҳангоми ҳаракат дар роҳи нақлиётгарди «Ғафуров-Хуҷанд», аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард, Дадабоева Мавлуда Ҷӯмъабоевна, соли таваллудаш 1960, сокини ноҳияи Б.Ғафуровро пахш намудааст. Дар натиҷа, пиёдагард, Дадабоева М.Ҷ. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Оид ба ин ҳолат таҳқиқот идома дорад.

Инчунин 12-уми январи соли 2022, тахминан соати 11:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамға ва рақами давлатиаш номаълум, ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди ноҳияи Фирдавсии пойтахт аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Резвонзода Беҳрӯз Ёралӣ, соли таваллудаш 2002, сокини ноҳияи Рӯдакиро пахш намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Дар натиҷа, пиёдагард Резвонзода Б.Ё. ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Барои муайян ва дастгир кардани ронандаи автомашинаи шахсияташ номаълум чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ идома дорад.

Ошкор гардидани 2 ҳолати дуздӣ

050

Ба ШВКД дар шаҳри Турсунзода бо ариза марди 61-солаи сокини шаҳри мазкур муроҷиат намудааст, ки 13-уми январи соли 2022, ҷавони 23-солаи сокини ҳамин шаҳр бо роҳи пинҳонӣ аз оғилхонаи ҳавлии истиқоматиаш 1-адад чорвои калони шохдорро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Зарари расонидашуда 10 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ҳамзамон ба ШВКД дар шаҳри Ҳисор бо ариза марди 30-солаи сокини шаҳри мазкур муроҷиат намудааст, ки 25-уми декабри соли 2021, тахминан соати 18:00 шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз дохили автомашинаи шахсиаш тамғаи “Дулан”, ки дар назди хонаи истиқоматиаш беназорат меистод, 5 ҳазор сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 27-солаи сокини шаҳри Ҳисор ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Оид ба ҳолатҳои мазкур тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button