ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

БОЗ ЯК ЗАМИНЛАРЗА ШАРҚИ ТОҶИКИСТОНРО ТАКОН ДОД

Бино ба гузориши Пажуҳишгоҳи геология  ва сейсмологияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи гузашта, 13 январ соати 17:24 дақиқаи вақти маҳаллӣ дар қаламрави кишвар заминларза ба қайд гирифта шуд.

Ба гуфтаи ин  манбаъ, маркази заминларза 20-километрии шарқи ноҳияи Рашт ва 153-килoметрии шимолу шарқи шаҳри Душанбе дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон будааст. 

Қувваи заминларза дар маркази он 3-4 балл ва дар ноҳияи Рашт 3 баллро ташкил додааст. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда гуфт, ин зилзила талафоти ҷонӣ ва хисороти дигар надошт. 
Пажуҳишгоҳи зилзиласанҷии Тоҷикистон  қаблан хабар дод, ки рӯзи 2-уми январи соли 2022 соати 10:26 дақиқа бо вақти маҳаллӣ дар қаламрави кишвар заминларза ба қайд гирифта шуд. Маркази он 230-километрии ҷанубу шарқии шаҳри Душанбе ва 146-километрии ҷанубу шарқии шаҳри Хоруғ, дар қаламрави Афғонистон будааст.

Қувваи ин заминларза дар маркази он 4 балл, дар шаҳри Хоруғ 2 балл буд. Кумитаи ҳолатҳзои фавқулодда хабар дод, ки дар бораи талафоти ҷонӣ ва хисороти дигар хабар дода нашудааст. 

Тоҷикистон дар як минтақаи зилзилахези қораи Осиё ҷойгир шуда, ҳар сол дар қаламраваш садҳо заминҷунбӣ сабт мешавад. Аз ҷумла марказҳои зилзиланигорӣ танҳо дар як ҳафтаи охир дар қаламрави Тоҷикистон 3 заминларзаи шиддаташ тибқи ҷадвали Рихтер аз 1,5 балл зиёд, дар як моҳи охир 16 чунин заминларза ва дар як соли охир 202 заминларзаро сабт кардаанд.

Ёдовар мешавем, 10 июли соли 2021 бар асари заминларза дар водии Рашт 5 сокини ноҳияи Тоҷикобод ба ҳалокат расида, дар ин ноҳия ва ноҳияи Рашт беш аз 200 хона хароб шуданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button