ВидеоМинтақа ва ҷаҳон

САРБОЗОНИ ТОҶИК АЛАКАЙ 14 ЯНВАР АЗ ҚАЗОҚИСТОН БА ХОНА БАРМЕГАРДАНД

Рӯзи 13 январ дар як суҳбати телефонӣ президентҳои Тоҷикистону Қазоқистон Эмомалӣ Раҳмон ва Қосим-Жомарт Тоқаев вазъи кунунӣ дар он кишварро баррасӣ ва санаи хуруҷи нирӯҳои Тоҷикистон аз Қазоқистонро баррасӣ кардаанд.

Хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон гуфт, Тоқаев ба Раҳмон дар хусуси барқарор гардидани суботу оромӣ дар кишвар ва сар аз имрӯз оғоз гардидани хуруҷи нерӯҳои муттаҳидаи сулҳофари СААД аз ҷумҳурӣ маълумот дода, бо изҳори сипос ба Тоҷикистон барои дастгирӣ ва мусоидат таъкид кардааст, ки “низомиёни Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ҳайати маҳдуди нерӯҳои  сулҳофари СААД дар Қазоқистон қарор доранд, 14 январи соли равон ба Тоҷикистон бармегарданд.”

Вазорати мудофиаи Қазоқистон хабар дод, ки рӯзи 13 январ дар АлмаАто маросими гусели нирӯҳои ОДКБ баргузор шудааст.

Ёдовар мешавем, президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Тоқаев рӯзи 5 январ, дар пайи эътирозҳои густарда дар кишвараш ин ҳодисаҳоро “ҳамла аз берун” ва кори дасти “дастаҳои террористон” номида, аз созмони ОДКБ кумаки ҳарбӣ хост. Алакай рӯзҳои 6-7 январ  кишварҳои узви ОДКБ ба Қазоқистон ҳудуди 4 ҳазор аскар фиристоданд. Аз Тоҷикистон низ беш аз 200 сарбозро ба Қазоқистон интиқол доданд.

Вале мақомоти Қазоқистон то кунун ягон далели “ҳамлаи хориҷӣ” ба ин кишвар ва даст доштани “террористон” дар эътирозҳои ахирро пешкаш карда натавонистаанд.

Тоқаев рӯзи 11 январ изҳор дошт, ки маъмурияти нирӯҳои ОДКБ дар Қазоқистон ба анҷом расид ва аз 13 январ хуруҷи онҳо шурӯъ мешавад , ки ягон 10 рӯзро дар бар хоҳад гирифт.

Муовини аввали срадори ситоди кулли Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон генерал-майор Миравар Хушбахт Миршакар  ахиран хабар дод, ки беш аз 100 нафар аз сарбози тоҷики ба Қазоқистон фиристодашуда ба посбонии Маркази гармидиҳии №1 (ТЭЦ-1) шаҳри АлмаАто кумак мекунанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button