ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ҚАЛЛОБӢ БА МАБЛАҒИ 15 780 ДОЛЛАР ВА ДУЗДИИ ҚИСМҲОИ ТРАКТОР

Сокини 28-солаи пойтахтба он гумонбар мешавад, ки соли 2018 бо роҳи фиреб аз як сокини 37-солаи ноҳияи Рӯдакӣ 15 ҳазору 780 доллар гирифта, то ҳол барнагардондааст.
ххххххх

Ҷавони 22-солаи сокини ноҳияи Ҷ.Балхӣ ба он гумонбар мешавад, ки моҳи декабр аз хонаи сокини 36-солаи ин ноҳия қисмҳои эҳтиётии трактор ва дигар асбобҳои оҳаниро ба маблағи 12 ҳазор сомонӣ дуздидааст.

Аз навори хабарҳои рӯзи 13 январи маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон

Ошкор шудани ҳолати қаллобӣ

010

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе бо ариза марди 37-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ муроҷиат намудааст, ки моҳи ноябри соли 2018, марди 28-солаи сокини пойтахт бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 15 ҳазору 780 доллари амрикоӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Ошкор гардидани ҷинояти дуздӣ

004

Ба ШВКД дар ноҳияи Ҷ.Балхӣ бо ариза марди 36-солаи сокини ҳамин ноҳия муроҷиат намудааст, ки моҳи декабри соли 2021, шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба корхонааш даромада, аз он ҷо як миқдор қисмҳои эҳтиётии трактор ва дигар асбобҳои оҳаниро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Зарари расонидашуда 12 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷуӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 22-солаи сокини ноҳияи зикргардида, бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button