ВарзишВидео

МАВЗУНА ЧОРИЕВА МУДИРИ КУЛЛИ КУМИТАИ ОЛИМПӢ ИНТИХОБ ШУД

Кумитаи иҷроияи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон рӯзи 11 январ  дар ҷаласааш Мавзуна Чориева, варзишгари дар гузашта номдори тоҷикро мудири кулли  Кумитаи миллии олимпӣ интихоб кардааст. Кумитаи миллии олимпӣ хабар дод, ки ин ҷаласа таҳти раёсати ноиби президенти ин ниҳод Абдулло Раҳмонзода доир гаштааст. Раҳмонзода гуфтааст, интихоби Мавзуна Чориева ба вазифаи мудири кулли кумитаи пайравӣ аз президент Эмомалӣ Раҳмон оид ба баланд бардоштани мавқеи бонувон дар ҷомеа ва тавсияи Кумитаи байналмилалии олимпӣ ҷиҳати риояи баробарии гендерӣ дар сатҳи роҳбарияти кумитаҳои миллии олимпӣ мебошад.

Мавзуна Чориева аз соли 2017 то 2021 дар вазифаи мудири шуъбаи варзиш ва омодагӣ ба бозиҳои олимпии Кумитаи миллии олимпӣ фаъолият дошт.

Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аст. Дар поёни моҳи декабр дар ҷаласаи ҷамъбастиаш ин ниҳод Эмомалӣ Раҳмонро дигарбора президент ва Абдулло Раҳмонзода ва варзишгари хушном Дилшод Назаровро ноибони президент интихоб кард. Дар он ҷаласа Шамсулло Соҳибов, молики ширкати “Фароз”, ки чандин сол боз ноиби президенти Кумитаи миллии олимпӣ ва яке аз спонсорҳои асосии он буд, аз мақоми ноиби президент “бо хоҳиши худаш” канор рафт. Мавзуна Чориева яке аз ангуштшумор варзишгарони тоҷик аст, ки сазовори медали олимпӣ шудааст. Ӯ соли 2012 дар Олимпиадаи Лондон дар мусобиқоти муштзанӣ (бокс) байни занон соҳиби ҷои сеюм ва медали биринҷӣ шуд. Вале мутаассифона, ба иллати лат хӯрдан Мавзуна чанде баъди он комёбии бузургаш ба собиқаи варзишиаш нуқта гузошта, як муддат дар Кумитаи ҷавонон ва варзиш ва дар сипас дар Кумитаи миллии олимпӣ ба кор пардохт.


Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button