ВидеоМуҳоҷиронРӯйдодҳои Бадахшон

ХАБАРҲОИ ЗИДДУНАҚИЗ ДАР БОРАИ САРНАВИШТИ ЯКЕ АЗ ЛИДЕРҲОИ БАДАХШОН АМРИДДИН АЛОВАТШОЕВ

Дар бораи сарнавишти яке аз лидерҳои ғайрирасмии Бадахшон Амриддин Аловатшоев аз Русия хабарҳои гуногун ба даст мерасанд. Ду рӯз боз дастнорас шудани алоқа бо Аловатшоев боиси ба вуҷуд омадани сарусадоҳои мухталифе дар бораи куҷо шудани ӯ шудааст.

Бино ба бархе манобеъ, Амриддин Аловатшоев ахиран дар ҳудуди вилояти Белгороди Русия ҳангоми убури марзи Русия бо Украина  бо ҳуҷҷатҳои қалбакӣ дастгир шудааст.

Манобеи дигар мегӯянд, ки ӯро бар асоси чӣ муомилае ба мақомоти Тоҷикистон супурдаанд ва ӯ ё дар садади истирдод ба Душанбест ваё шояд ҳатто алакай дар Душанбе дар ҳабс қарор дорад.

Ба идораи пойгоҳи хабарии “Бомдод” муяссар шуд, бо як нафар аз доираҳои наздик ба ин лидери ғайрирасмии Бадахшон суҳбат кунад. Ин ҳамсуҳбати “Бомдод”, ки ба далели ҳассосияти масъала ифшои номашро намехоҳад, гуфт: “Аловатшоев ба вилояти Белгород нарафтааст ва хабари боздошту гӯё ба Тоҷикистон бурда шуданаш низ воқеъият надорад. Дар ҳақиқат, шаби 10 ба 11 январ  дар шаҳри Маскав кӯшиши боздошти ӯ аз тарафи нафароне, ки гумон меравад, ба мақомоти вижаи Тоҷикистон рабт ё ҳамкорӣ доранд, мушоҳида шуд. Вале ҳамлагарон, ки дар ду мошин буданд, хабар надоштанд, ки мошини Амриддинро чанд мошини дигар аз фосилаи дуртар ҳамроҳӣ мекунанд. Вақте дастгиркунандагон диданд, ки шуморашон нисбат ба одамони Амриддин камтар асту зӯрашон ба онҳо намерасад ва ба болои ин, шояд ғалоғӯла бархезад, ки ба нафъи онҳо нест, онҳо аз ҷои ҳодиса бо мошинҳои худ фирор карданд.”

Ин манбаъ мегӯяд, баъди ин ҳодиса тамоми телефонҳоро кушта, Амриддин Аловатшоевро дар як макони амн пинҳон карданд ва ҳоло талош доранд, то масъалаи амнияти ӯро бо мақомоти расмии Русия матраҳ кунанд ва кафолат ба даст биоранд, ки ӯро касе ба Душанбе нахоҳад супурд.

Тафтиши ин маълумот тавассути манобеи дигар хеле мушкил аст.

Дар ҳамин ҳол, бархе саҳифаҳое, ки гумон меравад, ба “фермаи ҷавоб”, як гуруҳи троллҳои мақомоти вижаи Тоҷикистон тааллуқ дорад, шаби 12 январ бо истинод ба “намояндаи диаспораи халқҳои Помир дар Русия Наврас Окимбеков” хабар доданд, ки Аловатшоев Амриддин Бозорович рӯзи 12 январ  дар ҳудуди вилояти Белгороди Русия ҳангоми убури марзи Русия бо Украина  бо ҳуҷҷатҳои қалбакӣ дастгир шудааст ва гӯё зимни бозпурсӣ баёнот додааст, ки мехост ғайриқонунӣ аз марз гузарад.  Вале дар ҷамъиятҳои зодагони Бадахшон дар Русия аз вуҷуди “намоянда”-е бо номи Наврас Окимбеков изҳори бехабарӣ мекунанд. Ҷустуҷӯ дар Интернет низ нафареро бо чунин ном пайдо карда натавонист ва тавре ба назар мерасад, ин метавонад як номи сохта  бошад.

Ва аммо хабари боздошти Амриддин Аловатшоевро пойгоҳи мустақили Pamir Daily News, яке аз пойгоҳҳои аз ҳама муталлеъ дар бораи ҳаводиси марбут ба Бадахшон низ нашр кард. Ба иддаои ин нашрия, Аловатшоев рӯзи 12 январ дар Маскав “рабуда” шудааст ва ба эҳтимоли ғолиб, шаби 13 январ ба Тоҷикистон бурда мешавад.

Бисёриҳо дар майдони шарҳи ин хабар онро дурӯғ номидаанд. Вале Pamir Daily News пойгоҳест, ки қаблан чандин хабари доғи марбут ба Бадахшон, аз ҷумла хабари ихроҷи Чоршанбе Чоршанбиев аз Русия ва ҳабси ӯ дар фурудгоҳи Душанберо пеш аз дигарон дода буд. Ин нашрия ба болои ин баъдан дар каналаш дар Телеграм хабар дод, ки бино ба маълумоти ҳанӯз тасдиқношудааш, Аловатшоев алакай дар Душанбест.

Амриддин Аловатшоев зодаи ноҳияи Роштқалъа буда, 44 сол дорад. Исми ӯ бори аввал дар октябри соли 2018 вақте дар сархатти хабарҳо афтод, ки мақомот дар қатори 7 лидери ғайрирасмии Бадахшон бо Аловатшоев низ як протоколи алоҳида имзо карданд. Бар асоси он санад, Аловатшоев уҳдадор мешуд, ки аз ташкили гуруҳҳои ҷиноӣ даст кашида, ҷавононро ба зидди ҳукумат нашӯронад.

Аловатшоев соли 2019 ба Русия рафт ва ба зудӣ яке аз лидерҳои бонуфузи диаспораи зодагони Бадахшон дар ин кишвар шуд.  Гуфта мешавад, ки Аловатшоев дар ҳалли мушкилоте, ки ба сари муҳоҷирони бадахшонӣ дар Русия меомад, кумак мекард ва барои ҷавонони ин минтақа дар Маскав ва дигар шаҳрҳои Русия толорҳои варзишӣ ташкил мекард.

Амриддин Аловатшоевро яке аз ташкилкунандагони митинги шоми 25 ноябр дар назди сафорати Тоҷикистон дар шаҳри Маскав мешуморанд. Ӯ аз ҷумлаи онҳое буд, ки он шом бо сафири Тоҷикистон дар Русия Давлатшо Гулмаҳмадзода мулоқот карданд ва талабҳои эътирозгаронро ба вай расонданд. Ба дунбол, дар саҳифаҳои марбут ба “фермаи ҷавоб” Аловатшоевро нафаре номиданд, ки гӯё бо ҷурми таҷовуз таҳти ҷустуҷӯ қарор дорад.

Алишер Мирзонабот, раиси ВМКБ ва Далер Ҷумъа, вазири энергетикаи Тоҷикистон рӯзи 10 январ дар як ҷаласа дар Хоруғ Аловатшоевро “саркардаи гуруҳи ҷиноӣ” ном бурда, ба он айбдор карданд, ки зодагони ин вилоятро дар Русия ба зидди ҳукумат мешӯронад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button