АфғонистонВидеоМинтақа ва ҷаҳон

ТАҲДИДИ БАЧАИ МУЛЛО УМАР БА ДУШАНБЕВУ ТОШКАНД: ҲАВОПАЙМОҲОВУ ЧАРХБОЛҲОРО БАРГАРДОНЕД! (ВИДЕО)

Мулло Муҳаммадяъқуб, писари асосгузори ҷунбиши тундрави Толибон ва вазири дифоъ дар ҳукумати аз сӯи Толибон ташкилшудаи Афғонистон, рӯзи 11 январ дар ҷараёни машқҳои низомии нирӯҳои ҳавоии Толибон дар Кобул хитоб ба Тоҷикистону Ӯзбекистон гуфт, ҳавопаймоҳо ва чархболҳоеро, ки дар пайи суқути ҳукумати қаблии Афғонистон ба дасти онҳо афтоданд, бидуни қайду шарт баргардонанд.

Мулло Муҳаммадяъқуб гуфт: “Ин чархболҳову ҳавопаймоҳо моли миллати афғонанд ва бояд баргардонда шаванд”.

Ӯ Тошканду Душанберо ҳушдор дод, ки дар ғайри сурати пас додани ин ҳавопаймоҳо ва чархболҳо ба паёмадҳои манфии он бияндешанд.

“Мо ба касе иҷозат нахоҳем дод, ки моли моро аз худ кунанд  ваё сабру таҳаммули моро имтиҳон кунанд.  Агар ин ҳавопаймоҳову чархболҳо ба аморати исломии Афғонистон пас дода нашаванд, паёмадҳои баде ба дунбол хоҳад дошт”, – ҳушдор дод Мулло Муҳаммадяъқуб. Вале вазири дифои Толибон шарҳ надод, ки манзураш аз “паёмадҳои бад” чист?

Мақомоти Тоҷикистону Ӯзбекистон ба ин баёнияи тунду таҳдидомези намояндаи Толибон вокуниш накардаанд.

Дар ин авохир алакай чанд бор аст, ки намояндагони Толибон аз Тоҷикистону Ӯзбекистон пас додани чархболҳову ҳавопаймоҳои урдуи ҳукумати қаблии Афғонистонро талаб доранд.

Рӯзҳои 13,14 ва 15 августи соли 2021, дар пайи суқути Мазори Шариф, бузургтарин шаҳри шимоли Афғонистон, ва дар остонаи суқути пойтахти ин кишвар, шаҳри Кобул, ба дасти Толибон даҳҳо нафар аз халабонҳои нирӯҳои ҳавоии Афғонистон аҳли хонавода ва наздикони худро ба чархболу ҳавопаймоҳо бор карда, ба кишварҳои ҳамсоя фирор карданд.

Аз ҷумла, ба ҳисоби Толибон, беш аз 40 чархбол ва ҳамчунин теъдоде аз ҳавопаймоҳои ҳарбӣ аз Афғонистон ба Ӯзбекистону Тоҷикистон фирор карданд. Дар байни онҳо чархболҳое низ буд, ки тавассути онҳо рӯзи 15 август раисиҷумҳури қаблии Афғонистон Ашраф Ғанӣ бо атрофиёнаш тарки Кобул кард. Гуфта мешуд, ки Ғанӣ бо худ 169 миллион доллар пули нақдро низ ба яғмо бурдааст. Он вақт гуфта мешуд, ки чархболҳои ҳомили Ғаниро дар Тоҷикистон иҷозати нишастан надоданд ва онҳо маҷбур шуданд, дар фурудгоҳи Тирмиз дар ҷануби Ӯзбекистон пойин шаванд.

Халабонҳоеро, ки ба ин ду кишвар фирор карданд, баъдан Амрико тавассути Имороти Араб ба кишварҳои барояшон амн интиқол дод, вале сарнавишти ҳавопаймоҳои “ғаниматафтода” то кунун норавшан боқӣ мондааст.

Моҳи декабр фармондеҳи ниӯҳоти Толибон дар вилояти Балх Атоуллоҳ Умарӣ иддао карда буд, ки онҳо тавонистаанд шуморе аз  ин техникаро ҷангиро пас бигиранд. Вале ӯ ягон рақами мушаххас наовард, ки оё чанд чархболу ҳавопайморо аз Тоҷикистон ё Ӯзбекистон баргардонданд?

Толибон моҳи август дар пешорӯи хуруҷи нирӯҳои эътилоф дар байни ҳамагӣ 10 рӯз тавонистанд тақрибан тамоми қаламрави Афғонистонро ба даст биоранд ва низоми ҳоким бар ин кишварро ба “аморати исломӣ” иваз карда, ҳукумати худро ташкил кунанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button