ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ҒОРАТГАРӢ ДАР “АСПИ САФЕД” ВА ДУЗДИИ 240 ҲАЗОР СОМОНӢ АЗ ТЕРМИНАЛҲОИ “ПАЙВАНД”

Ҷавони 23-солаи сокини пойтахт, ки пеш барои дуздӣ, ғоратгарӣ ва қаллобӣ суд шудааст, ба он гумонбар мешавад, ки шаби 4 январ дар шаҳри Бохтар назди маркази дилхушии “Аспи Сафед” телефони марди 37-солаи сокини ноҳияи Данғараро бо зӯрӣ аз дасташ кашида гирифтааст.

хххххххххх

Ҷавони 20-солаи сокини пойтахт ба он гумонбар мешавад, ки моҳи ноябр дар як қаҳвахона аз ҷайби сокини 20-солаи ноҳияи Рӯдакӣ телефони тамғаи “Айфон Х”-ро дуздидааст. Ва як сокини 37-солаи пойтахт ба он гумонбар мешавад, ки моҳи январи соли 2021 терминалҳои пардохтии ширкати «Пайванд гурӯҳ» дар кӯчаҳои С.Осиё, С.Носир, М.Турсунзода, хиёбони Рӯдакӣ, кӯчаи Меҳнат ва дохили бозори «Меҳргон»-и шаҳри Душанберо бо истифода аз калид кушода, аз дохилаш 240 ҳазору 980 сомониро дуздидааст.

Аз навори хабарҳои рӯзи 12 январи маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон

Содир гардидани ҷинояти ғоратгарӣ аз ҷониби шахси пешсудшуда

057

Ба ШВКД дар шаҳри Бохтар бо ариза марди 37-солаи сокини ноҳияи Данғара муроҷиат намудааст, ки шаби 4-уми январи соли 2022, тахминан соати 22:00, дар назди маркази дилхушии ба номи “Аспи Сафед”, воқеъ дар шаҳри Бохтар, шахси ба ӯ ношинос аз дасташ телефони мобилиаш тамғаи “Самсунг А-32”, ки арзишаш 3 ҳазору 600 сомониро ташкил медиҳад, бо роҳи зӯроварӣ ва ошкоро гирифта, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 23-солаи сокини пойтахт, ки пеш бо моддаҳои 248 қисми 2, 247 қисми 2 ва 244 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти мазкур дастгир карда шуд.
Оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Дастгир гардидани марди 37-сола бо ҷурми дуздии терминалҳои пардохтӣ

046

Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино бо ариза ҷавони 20-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ муроҷиат намудааст, ки моҳи ноябри соли 2021 шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ дар дохили қаҳвахона аз ҷайбаш 1-адад телефони мобилии тамғаи “Айфон Х”-ро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Зарари расонидашуда 4 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 20-солаи сокини пойтахт ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.

Инчунин, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 37-солаи сокини пойтахт дастгир карда шуд, ки номбурда, моҳи январи соли 2021 бо роҳи пинҳонӣ аз терминалҳои пардохтии ширкати «Пайванд гурӯҳ», воқеъ дар кӯчаҳои С.Осиё, С.Носир, М.Турсунзода, хиёбони Рӯдакӣ, кӯчаи Меҳнат ва дохили бозори «Меҳргон»-и шаҳри Душанбе бо истифода аз калид онҳоро кушода, аз дохилаш маблағҳои пулиро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст, ки зарари расонидашуда 240 ҳазору 980 сомониро таркил медиҳад

Вобаста ба ҳолатҳои мазкур тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button