ВидеоМуҳоҷиронҲуқуқи инсон

АВВАЛИН ШИНОСНОМАИ БЕШАҲРВАНДИИ РУСИЯРО БА ЗОДАИ ДУШАНБЕ ЯЪҚУБҶОН ҲАКИМҶОНОВ ДОДАНД

Аввалин шиносномаи бешаҳрвандии Русияро дар таърих дар шаҳри Маскав ба як марди зодаи Тоҷикистон доданд.  Ин шиносномаи рангаш сабз ба Яъқубҷон Ҳакимҷонов ном зодаи Душанбе, ки ба сабаби надоштани ягон санад ду солро дар боздоштгоҳи Сахарово ба сар буд, дода шуд.

Хабаргузории РИА Новости  бо такя ба узви комиссияи ҷамъиятӣ ва Шӯрои ҳуқуқи инсони шаҳри Маскав Ева Меркачёва хабар дод, ки Яъқубҷон Ҳакимҷонов 53 сол дорад ва азбаски шаҳрвандии ягон кишварро надошт, ӯро ба ягон ҷо ихроҷ карда наметавонистанд.

Ду сол пеш, вақте ки пулис ӯро дастгир кард, шахсияташро муайян карда натавонист ва аз ин рӯ, Ҳакимҷоновро ба боздоштгоҳи Сахарово оварданд. Ӯ дар ин ҷо на дар камера, балки дар як ҳуҷраи алоҳида нигоҳ дошта мешуд.

Ҳакимҷонов барои кумак ба ҳомиёни ҳуқуқ муроҷиат карда, гуфтааст, дар шаҳри Душанбе ба дунё омада, ҳамагӣ 5 сол дошт, ки ҳамроҳи оилааш ба Астрахан кӯчид. Ӯ ягон бор ба мактаб нарафтааст ва ҳанӯз дар синни наврасӣ ба зиндон афтодааст ва бо ҳамин зиндагиаш дигар зеру забар шудааст.

Соли 2021 президенти Русия Владимир Путин қонунеро имзо кард, ки  додани паспорти муваққат ба нафарони бидуни шаҳрвандӣ ё апатридро иҷозат медиҳад. Ин шиносномаҳои сабз барои 10 сол ва ба онҳое дода мешаванд, ки бе ягон санад дар Русия дармондаанд ва ҷое барои рафтан надоранд. Ин қонун аз 24 августи соли 2021 ба иҷро даромад.

Бино ба ҳисобҳо, дар ҳоли ҳозир дар қаламрави Русия беш аз 5 ҳазор нафаре, ки ягон санад ва шаҳрвандии ягон кишварро надоранд, зиндагӣ мекунанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button