ВидеоХабарҳои кӯтоҳҲодиса

ВИДЕО +18: МАРГИ ДУ ЗАН ДАР САДАМАИ МУДҲИШ ДАР НУРОБОД

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон аз ду фалокат хабар дод, ки ҳарду талафоти ҷонӣ дар пай доштанд. Дар ноҳияи Восеъ духтарчаи дусола дар канали назди ҳавлиашон ғарқ шуд. Дар Нуробод мошине, ки бо суръати баланд меомад, сабаби марги ду мусофир шуд. КҲФ мегӯяд, ин ду ҳодиса аз беэҳтиётӣ рух дод ва аз ҳарду ҳодиса мешуд пешгирӣ кард.

Духтарчае, ки ҳамагӣ 2 сол дошт, аз беназоратии волидон дар оби канал ғарқ шудааст. Ин ҳодиса рӯзи 9-уми январи соли равон дар қаламрави деҳаи Сафар Амиршоеви ҷамоати Ҳулбуки ноҳияи Восеъи вилояти Хатлон рух дод. Духтарчаи дусола дар оби канале сарозер шуд ва ғарқ гардид, ки аз назди хонаи онҳо мегузашт. Ҷустуҷӯи ин кӯдак як шабонарӯз давом кард ва билохира ҷасади ӯро пайдо кардаву ба волидонаш супурданд.   

Даҳуми январи соли равон, соати 15:00 дар километри 97-уми роҳи мошингарди Душанбе – Нуробод – Лахш ҳангоми ҳаракат аз самти Нуробод ба сӯи шаҳри Ваҳдат мошини тамғаи «Опел Астра», мутааллиқ ба сокини 52-солаи деҳаи Шодмонии ҷамоати Муҷахарфи ноҳияи Нуробод, ба ҷарии 80-метра сарозер шуд. 

КҲФ мегӯяд, як сабаби ин фоҷеа метавонад суръати хеле баланди ҳаракати мошин бошад, ки ронанда баъдан аз уҳдаи идораи он набаромадааст. Ҳангоми фоҷеа дар ин мошин 4 нафар савор будаанд. Бо талоши раҳгузарон ронанда ва яке аз мусофирон берун зинда берун оварда шуданд, аммо мутаассифона, ду зан, ки яке 49 ва дуюмӣ 67 сол дошт, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд. Ронанда ва мусофири зиндамондаро бо захмҳои мухталиф ба бемористони ноҳия и Нуробод оварда, бистарӣ кардаанд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда бори дигар ба сокинон мурорҷиат мекунад, ки хеле эҳтиёткор бошанд. Бахусус ронандагон, онҳшое, ки мусофиркашонӣ мекунанд, бояд бидонанд, ки масъулияти азими амнияту бехатарии ҳамроҳонашон ба дӯши онҳост.

Ҳамеша боло бурдани суръат дар роҳҳои кӯҳӣ, бахусус дар фасли зимистон, ки роҳҳо пур аз барфанду ях бастаанд ва ё туман  роҳро хира кардааст, хатар дорад.

Видео аз маҳалли ин садамаи мудҳишро дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр кардаанд. Аз шаҳрвандоне, ки асабҳояшон суст аст, хоҳиш мекунем, ки онро тамошо накунанд! https://www.facebook.com/daftari.hayot/videos/642888750236448

Аз беэҳтиётӣ чаппа шудани автомашина

016

10-уми январи соли 2022, тахминан соати 15:15-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Вектра», Набиев Зикрулло Раҳматович, соли таваллудаш 1970, сокини ноҳияи Нуробод, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи «Ваҳдат-Нуробод-Рашт», аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба тарафи рости роҳ чаппа шудааст.
Дар натиҷа, мусофири автомашинаи мазкур Ҳасанова Сайлигул Абдуҷабборовна, соли таваллудаш 1973, сокини ноҳияи Нуробод ва Мачоиева Муслима, соли таваллудаш 1955, сокини ҳамин ноҳия, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
Худи ронанда, Набиев З.Р. ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Вобаста ба ҳолати мазкур таҳқиқот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button