АфғонистонВидеоНуқтаи назарҲуқуқи инсон

РАҲОИИ УСТОД ФАЙЗУЛЛОҲ ҶАЛОЛ, КИ ТОЛИБОНРО “ГӮСОЛА” НОМИДА БУД (ВИДЕО)

Файзуллоҳ Ҷалол, устоди факултаи ҳуқуқу улуми сиёсии Донишгоҳи Кобул, ки рӯзи 8 январ аз сӯи режими феълан бар Афғонистон ҳокими Толибон дастгир шуда буд, рӯзи 11 январ, баъди 3 рӯз озод карда шуд. Наздикони Файзуллоҳ Ҷалол гуфтанд, ки ӯ алакай дар хонааш дар Кобул қарор дорад. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ акси наве аз ин устоди донишгоҳ низ нашр шуда, ки дар он ӯ дар канори чанд нафари дигар дар назди хонааш дида мешавад.

Ҳанӯз маълум нест, ки Толибон таҳти кадом шартҳое Файзуллоҳ Ҷалолро озод кардааст? Худи  вай то ҳол ин мавзӯъро шарҳ надодааст. Вале қаблан Иттиҳоди Аврупо ва созмони Афви байналмилалӣ аз Толибон озодии билофосила ва бе қайду шарти ӯро талаб карда буданд.

Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи Толибон қаблан дар Твиттер гуфта буд, ки Файзуллоҳ Ҷалол барои таҳрики мардум  ба зидди низом  ва туҳмат задан ба роҳбарони Толибон дастгир шудааст. Муҷоҳид аз ҷумла ин устоди донишгоҳро ба он айбдор кард, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ вазири  амнияти Толибон ва як иддаи дигар аз сарони ин гуруҳро шаҳрвандони Покистон гуфтааст, ки туҳмат аст.

Доктор Файзуллоҳ Ҷалол зодаи вулусволии Дарвози вилояти Бадахшони Афғонистон аст, ки рисолаи доктории худро дар Тоҷикистон дифоъ кардааст. Ӯ дар гузашта аз мунтақидони шадиди ҳукуматҳои Ҳомиди Карзай ва Ашраф Ғанӣ ба шумор мерафт ва онҳоро ба фасоди саросарӣ ва заъфи идорӣ айбдор мекард.

Файзуллоҳ Ҷалол бо вуҷуди ин ки дар Кобул дармонд, ҳамчунон сарсахтона ва ба сурати ошкор аз режими Толибон интиқод мекард ва мегуфт, ин режим бо ин сиёсате, ки пеш гирифтааст, авзоъро дар Афғонистон боз ҳам буҳронитар мекунад.

Моҳи декабр дар як мубоҳисаи телевизионӣ дар шабакаи “Тулӯъ” Файзуллоҳ Ҷалол бо Муҳаммаднаими Вардак, яке аз сухангӯёни Толибон вориди баҳси тезутунд шуд. Вардак ба баҳс тоб наоварда, доктор Ҷалолро “ӯ солим нест, балки як коммунист аст” гуфт ва Файзуллоҳ Ҷалол дар посух сухангӯи Толибонро “гӯсола” номид, ки дар Шарқ ҳаммаънои “аблаҳ” буда, таҳқир шумурда мешавад.

“Бо инҳо баҳс беҳуда аст! Инҳо азамати Хуросонро аз куҷо донанд?”, – гуфта буд вай бо зарда дар ҷараёни баҳсаш бо Вардак.

Сабти ин суханони ӯ дар Интернет паҳн шуд ва сару садои зиёд ба вуҷуд овард. Мардуми зиёде ба Файзуллоҳ Ҷалол барои чунин ҷасорат дар муқобили Толибон ва он ҳам дар ҳоле, ки дар Кобул қарор дорад, аҳсан хонданд. Аммо тавре ба назар мерасад, сарони Толибон низ он таҳқирашон дар маҳзари омро фаромӯш накардаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button