ВидеоМуҳоҷиронХабарҳои кӯтоҳ

ҲАВОПАЙМО БА САБАБИ БАД ШУДАНИ САЛОМАТИИ ЯК МУСОФИРИ ТОҶИК ДАР ФУРУДГОҲИ УРГАНҶ НИШАСТ

Ҳавопаймои ҳамин ширкати русии  S7 («Сибирь») шаби 11 январи соли 2022 ба таври изтирорӣ дар фурудгоҳи шаҳри Урганҷи Ӯзбекистон фуруд омадааст.

Телеграм-канали «Uzbekistan Airports»  хабар дод, ки ҳавопаймои ширкати ҳавопаймоии «Сибирь», ки дар хатсайри Маскав – Қаршӣ парвоз мекард, соати 01:42 ба таври фавқулодда дар фурудгоҳи байналмилалии Урганҷ нишаст.

Сабаби нишасти изтирорӣ ба кумаки оҷили тиббӣ эҳтиёҷ пайдо кардани яке аз мусофирон – шаҳрванди Тоҷикистон шудааст. Бино ба иттилои муқаддамотӣ, ҳангоми парвоз ӯро дарди кӯрруда (аппендитсит) гирифтааст ва экипаж тасмим гирифтааст, ки дар наздиктарин фурудгоҳ бинишинад.

Дар фурудгоҳи Урганҷ ин мусофири дар осмон маризшударо мошини “Ёрии таъҷилӣ” барои расондани кумаки тиббӣ ба бемористон бурдааст ва ҳавопаймои ширкати S7 соати 02:31 аз фурудгоҳи Урганҷ ба қасди Қаршӣ дубора ба парвоз хестааст, гуфта мешавад дар иттилоияи канали «Uzbekistan Airports».

Бисёре аз шаҳрвандони Тоҷикистон барои сафар ба Русия ва бозгашт ба Ватан аз фурудгоҳҳои Ӯзбекистон истифода мебаранд, чунки нархи парвоз тавассути фурудгоҳҳои кишвари ҳамсоя назар ба фурудгоҳҳои Тоҷикистон хеле арзонтар аст.

dav

Ёдовар мешавем, субҳи 5 январ ҳавопаймои ҳамин ширкати русии S7, ки бо 174 мусофир дар хатсайри Нижний Новгород – Хуҷанд парвоз мекард, ба сабаби тумани ғафс натавонист дар фурудгоҳи Хуҷанд бинишинад. Ҳавопаймо мебоист соати 9 субҳи 5 январ дар Хуҷанд менишаст, вале баъди 10 маротиба давр задан дар атрофи Хуҷанд маҷбур шуд, ки ба фурудгоҳи эҳтиётии Тошканд биравад.

Ҳавопаймо танҳо баъди се соат, вақте ҳаво рӯшантар шуд, тавонист мусофиронашро аз Тошканд ба Хуҷанд биорад ва аз инҷо мусофирони роҳии Русияро савор карда, ба Нижний Новгород баргардад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button