ВарзишВидеоРӯйдодҳои БадахшонҲуқуқи инсон

ЧОРШАНБЕ: МАН ЗИДДИ ҲУКУМАТ НЕСТАМ, ЯК ВАРЗИШГАРАМ

Эътилофи зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон рӯзи 11 январ хабар дод, ки барои ҳимоят аз ҳуқуқи варзишгари машҳури зодаи Бадахшон Чоршанбе Чоршанбиев 3 адвокат ҷудо кардааст.

Ин созмони ҳомии ҳуқуқ гуфт, Чоршанбиев Чоршанбе Авазхонович рӯзи 30 декабр дар фурудгоҳи Душанбе дар пайи аз Русия омаданаш дастгир шуд ва алакай рӯзи 31 декабр падари ӯ Авазхон Паҳлавонов ба Эътилофи зидди шиканҷа муроҷиат карда, хостори кумаки ҳуқуқӣ барои фарзандаш  шудааст.

Эътилоф мегӯяд, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва матбуот дар бораи эҳтимоли шиканҷа ва бадрафторӣ нисбат ба Чоршанбиев зиёд изҳори нигаронӣ мешуд ва дар пайи муроҷиати Авазхон Паҳлавонов  ин созмон барои ҳимоят аз ҳуқуқи Чоршанбе Чоршанбиев се адвокат ҷудо кард, ки худи ҳамон зи 31 декабри соли 2021 дастбакор шуданд.

Рӯзи 4 январи соли 2022 дар мулоқот бо адвокатҳояш Чоршанбе шиканҷа шуданаш ё бадрафторӣ нисбат ба вайро рад ккардааст. Вале Эътилофи зидди шиканҷа гуфт, ки ин масъаларо ҳамчунон пайгирӣ хоҳад кард.

Додситонӣ нисбат ба Чоршанбиев бар асоси қисми дуюми моддаи 307 бо иттиҳоми даъватҳои оммавӣ ба зӯран тағйир додани сохти конститутсионии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ кушодааст, ки ҳамчун ҷазо аз 8 то 15 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.

Рӯзи 5 январ коллегияи парвандаҳои ҷиноятии додгоҳи шаҳри Душанбе шикояти адвокатҳо дар мавриди чораи пешгирӣ нисбат ба Чоршанбиевро баррасӣ кард, вале қарори додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур аз 31 декабр дар мавриди ба ҳабси пешакӣ гирифтани варзишгарро бетағйир боқӣ гузошт.

Эътилофи зидди шиканҷа гуфт, бо гузашти қариб ду ҳафта аз боздошти Чоршанбе Чоршанбиев, падараш Авазхон Паҳлавон то ҳол натавонистааст барои аёдати ӯ иҷозат ба даст биорад. Ба гуфтаи ин созмон, адвокатҳо дар ин масъала низ ба талошҳои худ идома медиҳанд.

Рӯзи 8 январ ба Чоршанбе Чоршанбиев расман бар асоси қисми дуюми моддаи 307 айбнома эълон кардаанд.

Вале ӯ ба таври хаттӣ ва даҳонӣ чандин бор батакрор гуфтааст, ки “ман ягон мақсади даъват ба ғасби базӯрии ҳукумат надоштам. Ман чунин ҷиноят накардам ва намедонистам, ки муроҷиати ман метавонад ҷиноят арзёбӣ шавад. Ман  бо дархости ба ҷавобгарӣ кашондани  афроди гунаҳкор муроҷиатнома карда будам.”

Аз ин суханон бармеояд, ки парвандаи Чоршанбиев бар пояи муроҷиатномаест, ки ӯ дар рӯзҳои аввали эътирозҳои ахири Хоруғ нашр кард. Ӯ дар он муроҷиатнома куштори сокини ноҳияи Роштқалъа Гулбиддин Зиёбековро маҳкум карда, ба ҷавобгарӣ кашондани гунаҳкорони марги ӯро талаб мекунад.

Адвокатҳои Чоршанбиев гуфтаанд, ки ӯ бо тафтишот ба таври ошкор суҳбат мекунад ва дар баёноташ самимӣ буда, ҳама чиро, тавре ки ҳаст, мегӯяд.

 “Бо вуҷуди иттиҳоми сангин,  муносибати ӯ дӯстона аст, суолҳоеро, ки ба ӯ тафтишот медиҳад, бодиққат гӯш карда, ҷавоб медиҳад ва мефаҳмонад.Ӯ мехоҳад собит кунад, ки вай ба зидди ҳукумат нест, балки як варзишгар аст, ки шояд дар ҳолати эҳсосот тундгапӣ кунад, вале зуд худро ислоҳ мекунад. Ва ҳамеша ҳангоми пирӯзӣ бо парчами Тоҷикистон ба майдон мебарояд.  Чоршанбеи ҷавон, ки дар Русия дар соҳаи варзиш комёб шуд, намунае барои ибрат барои варзишгарони тоҷик аст”,  зикр кардааст Эътилофи зидди шиканҷа дар гузоришаш.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button