ВидеоХабарҳои кӯтоҳҲодиса

ВИДЕО ВА 4 АКС АЗ ҶОИ ҲОДИСА: ЧАППА ШУДАНИ МОШИНИ ПУРИ СЕМЕНТ ДАР МАҲАЛЛАИ 82

Субҳи 10 январ, тақрибан соати 8, як мошини сементкаши тамғаи “Шакман” бо тақрибан 40 тонна семент дар маҳаллаи 82-юми шаҳри Душанбе дучори садама шудааст. Ба гуфтаи шоҳидон,  ронандаро зоҳиран дар сари фармон хоб бурдааст ва мошин аз роҳи асосӣ ба роҳи тарафи истгоҳ гузашта, чаппа шудааст.

Дар аксу наворҳое, ки шоҳидони ҳодиса ба пойгоҳи хабарии “Бомдод” фиристоданд, дида мешавад, ки барои бардоштану ба пояш рост кардани мошини семент як крани муқтадирро овардаанд, вале вазни мошину бораш чунон зиёд аст, ки ҳатто зӯри кран ба он намерасад.

Ҳар сол бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон то 400 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 1200 тани дигар маъюб мешаванд.

Милитсияи Душанбе ҳафтаи гузашта хабар дод, ки соли 2021 дар кӯчаю роҳҳои пойтахти кишвар  дар 242 садамаи нақлиётӣ 33 нафар ҳалок гардида, 254 нафари дигар ҷароҳатҳои гуногун бардоштаанд. РВКД Душанбе гуфт, ҳарчанд ин омор дар муқоиса бо минтақаҳои дигари кишвар камтар аст, вале тасмим гирифта шуд, ки бо мақсади танзими ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар кӯчаю хиёбон ва роҳҳои нақлиётгарди ҳудуди шаҳри Душанбе ва баланд бардоштани интизоми иштирокчиёни ҳаракат дар роҳҳо соли 2022 барои мақомоти милитсияи пойтахт «Соли танзим ва риояи Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ» эълон карда шавад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button