АфғонистонВидеоДин ва боварҳо

МУЛОҚОТИ АҲМАДИ МАСЪУД ВА ИСМОИЛХОН БО ВАЗИРИ ТОЛИБОН ДАР ТЕҲРОН (ВИДЕО)

Дар як сабти видеоӣ, ки Билол Каримӣ, яке аз сухангӯёни Толибон рӯзи 10 январ дар Твиттер нашр кард, вазири хориҷаи ҳукумати Толибон Амирхон Муттакӣ тасдиқ кард, ки зимни боздидаш аз Эрон бо Аҳмад Масъуд, раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, ва Исмоилхон, волии собиқи Ҳирот мулоқот кардааст.  Амирхон Муттакӣ бидуни ироаи ҷузъиёти  нахустин гуфтумонҳои Толибон бо роҳбарони умдатарин ташаккули зидди ин ҳаракати тундрав гуфт, дар дидорашон дар Теҳрон аз  ҳамаи афғонистониҳои муқими Эрон хостааст, ки ба ватанашон баргарданд.

Ҳисомиддин Шамс, волии собиқи Бодғис, ки низ дар музокироти Теҳрон иштирок дошт, ба шабакаи Afghanistan International  гуфт, суҳбатҳои онҳо бо Муттакӣ пиромуни масоили усуливу калидӣ буд, на бар сари тақсими мансабҳо. Ӯ гуфт, ин музокирот дар Теҳрон бо ташаббуси вазорати хориҷаи Эрон сурат гирифтааст.

Ҳисомиддин Шамс ҳамчунин хабар додааст, ки раванди музокирот бо намояндагони Толибон  бо роҳбарии Исмоилхон тақрибан 10 рӯз боз  ҷараён дошт ва Исмоилхон, ба гуфтаи ӯ, пиромуни масоили матруҳа дар ин гуфтугӯҳо бо Аҳмади Масъуд ва дигар роҳбарони калидӣ дар дохил ва беруни Афғонистон доим дар тамос буд.

“Мо дар Теҳрон бо Амирхон Муттакӣ ду дидор доштем. Дар ҷараёни ин дидорҳо мо пешниҳодҳои худро ироа кардем, ки ҷониби Толибон онҳоро хоҳанд омӯхт ва сипас посух хоҳанд дод”, гуфтааст Ҳисомиддин Шамс. Волии собиқи Бодғис вазъу фазои ҷаласотро дар умум мусбат хонда, гуфтааст, пешниҳодҳои онҳо асосан пиромуни то куҷо омода будани Толибон барои ташкили ҳукумати фарогир, риояи ҳуқуқи инсон ва озодиҳои инсонӣ, аз ҷумла ҳуқуқи занон ва озодии матбуот буд.

Гуфтугӯҳо дар Теҳрон нахустин музокироти режими нави Толибон бо Ҷабҳаи муқовимати миллӣ ба раҳбарии Аҳмади Масъуд аст.

Қаблан моҳи сентябр дар мулоқоти раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва сарвазири Покистон Имронхон дар Душанбе тавофуқ шуда буд, ки музокироти Толибон бо Ҷабҳаи муқовимат дар Душанбе доир карда шавад. Имронхон баъди бозгашташ ба Исломобод хабар дод, ки рӯи ин масъала ба Толибон фишор оварда истодааст. Аммо  роҳбарони Толибон ба далели пуштибонии ошкори ҳукумати Тоҷикистон аз Аҳмади Масъуд ин пешниҳодро напазируфтанд.

Ҷангҷӯёни Толибон моҳи августи соли 2021 дар пешорӯи хуруҷи нирӯҳои эътилоф дар байни ҳамагӣ 10 рӯз аксари қаламрави Афғонистон, бо шумули пойтахташ, шаҳри Кобулро ишғол карданд. Аммо тоҷикони Афғонистон ба раҳбарии Аҳмади Масъуд султаи Толибонро напазируфтанд ва Ҷабҳаи муқовимати миллиро таъсис доданд, ки дар дараи Панҷшер ва атрофи он ба зидди режими нави Толибон меҷангад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button