ВидеоХабарҳои кӯтоҳҲодиса

БОЗДОШТИ РОНАНДАЕ, КИ МАРДИ СОЛХӮРДАРО ЗАДУ ГУРЕХТ

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки шаби 8-уми январи соли 2022, тахминан соати 20:05, як ронанда ҳангоми ҳаракат дар ҷамоати деҳоти Моғиён дар канори шаҳри Панҷакент, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Абдуллоев Алишер Қурбонович, соли таваллудаш 1966, сокини шаҳри мазкурро пахш намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Дар натиҷа, Абдуллоев А.Қ. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
ВКД гуфт, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ронандаи автомашинаи тамғаи «Муссо», Халилов Дилшод Ҷовидонович, соли таваллудаш 2000, сокини ҳамин шаҳр, вобаста ба ҳодисаи мазкур дастгир гардида, аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

Дар ҳамин ҳол, Исмоил Зарифӣ, шоири тоҷики муқими Панҷакент хабар дод, ки ин ҳодиса дар баромадгоҳи деҳаи Сори Ҷамоати деҳоти Моғиён рӯй дода, ронанда як марди велосипедсаворро зада, мегурезад. Хайрхоҳе шахси дар ҳолати назъ бударо ба беморхона мерасонад, вале мутаассифона, ин мард дар беморхона ба ҳалокат мерасад.

“Сардори БДА-и шаҳри Панҷакент Раҳимзода Қурбон Юсуф аз воқеа хабардор шуда бо кормандонаш ба деҳаи Сор меояд, вале аз сабаби торикии шаб ҷинояткорро ёфта наметавонад. Субҳи барвақт боз ӯ бо кормандонаш боз ба ҷои воқеа меояд. Ману Мулло Қурбони Шайдо соати 9.00 ба деҳаи Сор рафтем. Мушоҳида намудем, ки кормандони БДА ба чанд гурӯҳ тақсим шуда ҷинояткорро ҷустуҷӯ доранд. Худи мардуми деҳа тахмин мекарданд, ки ин мард аз велосипед афтида фавтидааст ва ҷинояту ҷинояткоре мавҷуд нест. Баъзеҳо айбро ба сари мурда бор карда изҳор менамуданд, ки марҳум нӯшиданро дӯст медошт. Вале дар соати 9.30 аллакай Раҳимзодаю кормандонаш ҷинояткорро ошкор намуданд, ки як сокини худи деҳаи Сор будааст”, хабар медиҳад Исмоил Зарифӣ.

Ӯ меафзояд, “агар ин марди ҷиноятсодиркарда ин шахсро зуд ба беморхона мерасонд, шояд зинда мемонд. Ё агар мурдаи ӯро ба хонааш мерасонд, мумкин буд, ки ҳамдеҳагон гуноҳи ӯро мебахшиданд ва касе хабардор намешуд. Дар урфият мегӯянд: «Дӯст куштаасту дар офтоб қоқ накардааст». Дар ин ҳодиса мо мебинем, ки «дӯст» куштаасту мурдаро бо лагад зада номардона гурехтааст.”

Исмоил Зарифӣ ба чашмикордонии сардори БДА Панҷакент Раҳимзода Қурбон Юсуф ва зердастонаш барои чунин зуд ошкор кардани ин ҷиноят офарин хондааст.

Дастгир шудани ронандаи фирорӣ

ad71b03ec315a20e6e17b91ea8867c4a

8-уми январи соли 2022, тахминан соати 20:05-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи номаълум ҳангоми ҳаракат дар ҷамоати деҳоти Моғиёни шаҳри Панҷакент, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Абдуллоев Алишер Қурбонович, соли таваллудаш 1966, сокини шаҳри мазкурро пахш намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Дар натиҷа, Абдуллоев А.Қ. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ронандаи автомашинаи тамғаи «Муссо», Халилов Дилшод Ҷовидонович, соли таваллудаш 2000, сокини ҳамин шаҳр, вобаста ба ҳодисаи мазкур дастгир гардида, аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

Исмоил Зарифӣ

ҶИНОЯТ ЗУД ОШКОР КАРДА ШУД

8-уми январи соли равон дар баромадгоҳи деҳаи Сори Ҷамоати деҳоти Моғиён шахси номаълуме бо мошини хеш велосипедсавори тахминан 55— соларо бо мошин зада мегурезад. Хайрхоҳе шахси дар ҳолати назъ бударо ба беморхона мерасонад, вале мутаассифона дар беморхона ин мард ба ҳалокат мерасад.

Сардори БДА-и шаҳри Панҷакент Раҳимзода Қурбон Юсуф аз воқеа хабардор шуда бо кормандонаш ба деҳаи Сор меояд, вале аз сабаби торикии шаб ҷинояткорро ёфта наметавонад.

Субҳи барвақт боз ӯ бо кормандонаш боз ба ҷои воқеа меояд. Ману Мулло Қурбони Шайдо соати 9.00 ба деҳаи Сор рафтем. Мушоҳида намудем, ки кормандони БДА ба чанд гурӯҳ тақсим шуда ҷинояткорро ҷустуҷӯ доранд.

Худи мардуми деҳа тахмин мекарданд, ки ин мард аз велосипед афтида фавтидааст ва ҷинояту ҷинояткоре мавҷуд нест. Баъзеҳо айбро ба сари мурда бор карда изҳор менамуданд, ки марҳум нӯшиданро дӯст медошт.

Дар соати 9.30 аллакай Раҳимзодаю кормандонаш ҷинояткорро ошкор намуданд, ки як сокини худи деҳаи Сор будааст.

Агар ин марди ҷиноятсодиркарда ин шахсро зуд ба беморхона мерасонд, шояд зинда мемонд.

Ё агар мурдаи ӯро ба хонааш мерасонд, мумкин буд, ки ҳамдеҳагон гуноҳи ӯро мебахшиданд ва касе хабардор намешуд.

Дар урфият мегӯянд: «Дӯст куштаасту дар офтоб қоқ накардааст».

Дар ин ҳодиса мо мебинем, ки «дӯст» куштаасту мурдаро бо лагад зада номардона гурехтааст.

Ҷавонони муҳтарам, ҷинояте аз чашм пинҳон намемонад. Мардона эътироф кардани гуноҳ худ нишонаи мардист.

Офарин ба чашмикордонии марди шуҷоъу далер Раҳимзода Қурбон Юсуф ва кормандони БДА-и шаҳри Панҷакент, ки зуд ҷиноят ошкор шуд

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button